Дар Суғд омодагӣ ба мавсими оббозӣ шуруъ шуд

Дуюмин моҳи баҳор ҳам сипарӣ шуд. Ин боронҳову ин ҳавои номусоид ҳам мегузарад ва мавсими дигар, гармои шадид оғоз мешавад. Гармо одамонро бештар ба тафреҳгоҳҳо мекашад ва қисми зиёди одамон бахусус рӯзҳои истироҳати худро дар соҳилҳои дарёҳо мегузаронанд ва ё лаби каналу обанборҳо менишинанд. Бояд шиногоҳҳо ва ин ҳама соҳилҳо аз қабл барои пазириши сокинон омода бошанд. Ин аст, ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт аз имрӯз даст ба кор шавад.

Вобаста ба бузургии қаламрави обии вилоят ҳодисаҳои ғарқ шудани одамон ҳамоно нигаронкунанда аст. Ин масъалаи муҳим зери назорати қатъии Роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими оббозӣ гурӯҳи корӣ таъсис шуд.

Қарор аст ин гурӯҳ то оғози мавсим ҳамаи фароғатгоҳҳо, маҳалҳои оббозӣ, соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо, ҳамчунин ҳолати беҳдоштии назди мактабҳо, иншооти беруназшаҳрӣ, истироҳатию фароғатӣ, таълимӣ, меҳнатӣ ва варзиширо а назар  гузаронад ва барои рафъи камбудиҳо ошкоршуда якҷо бо мақомоти маҳаллӣ чораҳо андешад.

Ба ин гурӯҳ афсарони Райсат майор Тиллоев А., капитан Карамхудоева А., лейтенант Бутаева Ш. шомиланд.  Гурўҳи корӣ вазифадор карда шудааст, ки баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон, меҳмонон аз ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барад, вохўриҳо бо шахсони масъули обутобгоҳҳо, шиногоҳҳо, урдугоҳҳо,  қитъаҳои наздисоҳилии обанбор, дарёҳо, кўллҳо, каналҳо, ҳавзаҳои шиноварии вилоят хусусан шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Истиқлол, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон ва Зафаробод роҳандозӣ кунад.  

Ин марҳилаи якуми корҳои омодгӣ буда, дар давоми моҳи май боз санҷишҳои фарогир оиди иҷроиши супоришҳо гузаронида хоҳанд шуд.

Ш.Бутаева, сардори бахши
кор бо ҷомеъаи Раёсат,
лейтенант

барчасп: