Боронҳои шадиди баҳорӣ. Ва ба дунболи харобкориҳои сел дар Эрону Афғонистон навбат ба Тоҷикистон расид. Ба шиддат борид борон ва сокинон дар аксар маҳаллаҳо худ шоҳиди селҳои азим шуданд. Хушбахтона, ки беталафоти ҷониву хисорати бузург гузашт. Аммо ҳавошиносон то 10-уми апрел ҳамин гуна ҳавои серборишро пешгӯӣ мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Бар асари боронҳои шадид дар як қатор манотиқи кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, сели ҷоришуда дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Масчо, Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷекати вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.
Дар роҳи мошингарди Ванҷ – Душанбе резиши санг дар қитъаҳои гуногун ҳаракати мошинҳоро боздошт. Дар айни замон роҳҳо куллан бозанд.
Дар ноҳияҳои Масчо ва Спитамен, шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел қисман қитъаҳои наздиҳавлигиро пахш кард, лойоба ба бахше аз хонаҳои истиқоматии сокинон низ зарар расонд.
Дар шаҳри Турсунзода боришоти шадид сабабгори болоравии сатҳи об дар рӯдхонаи Ширкент шуд, ки дар натиҷа сел ба 1 хонаи истиқоматӣ, 11 сохтмони ёрирасон ва 4 пул дар рустои Деҳвак зарар расонд.
Дар маҳалҳои офатзада комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо кор мекунанд, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷудо карда шудааст. Ин боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селҳо дар манотиқи мухталифи кишвар хушбахтона талафоти ҷонӣ надоштанд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 10-уми апрел дар мамлакат ҳавои номусоид ва боришот боқӣ мемонад. Дар натиҷаи тағйири боду ҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об мешаванд, мулоим шудани хоки зери барф дар теппаҳо метавонад сабабгори рониши замин шавад, сатҳи оби рӯдхонаҳо боло меравад.
Дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлкат хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба куҳу доманакуҳҳо низ ба қасди омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани моли худ нараванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯш шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ:
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11
муроҷиат намоянд.