Мулоқоти генерал Назарзода ва Ҷон Марк Поммершайм дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 уми апрели соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори тозатаъини ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Сафирро ба муносибати ин таъиноташ муборакбод намуд. Баъдан ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассалеро дар бораи Кумита, сохторҳои он, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ироа кард. 

Дар ҷараёни мулоқот рушди ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин фаъолиятҳои муштараки Кумита ва ИМА дар ин самт баррасӣ шуд.

Раиси Кумита зикр кард, ки рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва ИМА дар ин самт муҳим аст ва КҲФ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.

Ҷаноби Поммершайм дар навбати худ изҳор дошт, ки дар оянда низ ба талошҳои муштарак барои таҳкими ҳамкориҳо миёни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳад кард. 

Дар рафти мулоқот оид ба доираи васеъи масъалаҳои барои ҷонибҳо ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: