23-уми апрели соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи таҳлилграони доимамалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Ин ҷаласа таҳти раҳбарии сардори Раёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷ.Камолов доир гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши Платформаи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст рӯзи 30-уми апрели соли равон оиди таҳияи лоиҳаи барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2019-2022, ки аз Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030 дар мавриди таҳияи маркерҳои Коҳиши Хатари Офатҳо бармеояд, баргузор шавад, баррасӣ шуд.
Ҳамчунин ширкаткунандагон дар масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ, сифати роҳандозии корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ дар қитъаҳои осебпазир дар кишвар ва оид ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои коҳишдиҳандаи хатар дар сатҳи ҷамоатҳо баҳс карданд.
Дар ин ҷаласа намояндагони 15 вазорату идораҳо, аз ҷумла директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Аминзода, ҳамчунин намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр бомаврид аст, ки ҷаласа дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ, ки аз ҷониби Дафтари намояндагии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо дастгирӣ мешавад, баргузор шуд.