Анҷоми тамринҳои мукаммал дар шаҳри Хуҷанд

Анҷоми тамринҳои мукаммал дар шаҳри Хуҷанд

Таҳавуллоти ҷаҳони муосир ва иқлими зудтағирёбандаи сайёра моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти  таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодӣ чораҳои фаврию таъхирнопазир андешем. Ташкили омӯзиши ҳодиса, пешгирӣ ва бартараф намудани он, омодасозии шахсони мансабдори мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбиии мудофиаи гражданӣ барои амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва давраи ҷангӣ аз вазифаҳои муҳим шуморида мешавад. Мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии мамлакат мебошад

Субҳи имрӯз бо эълони «Бонги хатар» дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ оғоз шуд.
Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баъди гузориши сардори бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр аз вазъи омодагии иштирокдорони тамрин ва техникаи сафарбаршуда ошно шуд. Доир ба оғози машқ муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.
Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи баргузории чорабинӣ маҳаллаи Чашмаи Арзана ҳаракат намуданд.

Дар бинои таълимии донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон фаъолияти худро дар сурати ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамзамон сохторҳои гуногуни ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳрӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза нишон дода шуд.
Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал аз хаймаҳои наҷотдиҳӣ, ки дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буда, боздид намуданд. Дар ин хаймаҳо ба осебдидагони эҳтимолӣ  ёрии тиббӣ ва анвои хӯрока муҳайё намуданд.
Дар корхонаи шири шаҳри Хуҷанд доир ба бартараф намудани сӯхтори баамаломада, наҷоти зарардидагон аз моддаҳои кимёвӣ, дастгир намудани ҷинояткорон амалиётҳо сурат гирифт.

Дар анҷоми  чорабинии машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода суханронӣ намуд ва аз ҷумла афзуд, ки «Таҳавуллоти ҷаҳони муосир ва иқлими зудтағирёбандаи сайёра моро ҳушдор медиҳад, ки дар самти  таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодӣ чораҳои фаврию таъхирнопазир андешем. Ташкили омӯзиши ҳодиса, пешгирӣ ва бартараф намудани он, омодасозии шахсони мансабдори мақомоти идора ва нерӯҳои ғайриҳарбиии мудофиаи гражданӣ барои амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва давраи ҷангӣ аз вазифаҳои муҳим шуморида мешавад. Мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии мамлакат мебошад”. 

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки таҳлили таҳдидҳои мавҷуда ва мушкилоти ҷойдошта, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҷой доранд, дар маҷмуъ бо далелҳо ва омилҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, техногенӣ ва хусусияти низомидошта, мушаххасан талаб менамоянд, ки аҳолӣ ва ҳама сатҳҳои идора барои амал дар ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногундошта омода бошанд. Чорабинии имрӯза, ки тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ - Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тасдиқ гардидааст, сурат гирифт. Ҳамзамон дар ин замина қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла»  дар сатҳи вилоят ба тавсиб расидааст. 

Ҷоиз ба зикр аст, ки машқҳои мукаммал дар се марҳила, яъне марҳилаи аввал: хабардоркунӣ ва ҷамъ намудани ҳайати комиссияҳо, ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳр, хадамоти мудофиа гражданӣ.

Марҳилаи дуюм ташкил намудани корҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, марҳилаи сеюм ташкили кор оид ба барқарорсозии иншооти зарардида буд, ки дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Таъкид шуд, ки дар рафти машқ масъалаҳои омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда,ба монанди омадани сел, ярч, шамоли сахт, заминларза ва кӯчонидани аҳолӣ ба маконҳои амн баррасӣ гашт.

Инчунин аз ҷониби кормандони масъул дар байни аҳолии шаҳр корҳои  таблиғотӣ оид ба рафтори дуруст ҳангоми рух додани ҳодисаҳои табиӣ ва пешгирии сӯхтор ба роҳ монда шуд.

Гуфтанист, ки дар тамринҳо зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд барномаи интиқоли аҳолӣ дар ҳолати фавқулоддаро иҷро карданд. Илова бар ин, иншоотҳои мудофиаи гражданӣ ва дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр системаҳои огоҳсозии пешакӣ дар ҳолати фавқулодда ё таҳдиди он низ санҷида шуданд.

Дар охир Раиси шаҳри Хуҷанд,  Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки ҳамагон хуб медонем, ки ҳадафи машқҳои мукаммал ин баланд бардоштани омодагии мақомоти идорӣ, ҳайати шахсии комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комисияи эвакуатсионӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсии ҳамаи мақомоти дахлдор оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда, мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амалии ҳайати шахсии мақомоти идоракунӣ ва ғайра мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ талош меварзад, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин машқҳои мукаммал мусоидати фаъол намояд.
Сипас ба як қатор фаъолони чорабинӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

барчасп: