Раёсати КҲФ дар Хатлон се моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати ҷонишини Раиси КҲФ полковник М. Салимзода натиҷаи корҳои воҳидҳои сохтории КҲФ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид.

Зимни суханронии худ Ҷонишини Раиси КҲФ як қатор тамоилҳои калидӣ дар фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботиро қайд кард ва таваҷҷуҳро ба рӯйдодҳои пешмеомада ҷалб намуд.

Ҳисоботи ҷонишини сардори раёсат, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд шунида шуданд. Онҳо дар суханрониҳои худ аз корҳои анҷомшуда, теъдоди ҳодисаҳои фавқулода, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, шумори зарардидагон ва одамони наҷотдодашуда ва ғайра ҳикоят карданд. 

Аз рӯи ҷамъбасти ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи дуюми соли 2019 муайян карда шуданд:

- ташкил ва баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодани ба ҳалокати одамон ва ҷароҳатнок шудани онҳо;

- ба роҳ мондани назорати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;

- баланд бардоштани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсат;

- омодагӣ ба мавсими оббозӣ, баргузории корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ аз роҳҳои ташкили дидору мулоқотҳо.

барчасп: