Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд.
Ин лоиҳаҳо ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.
Дар ҷумла, дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди студияи телевизионии хурд барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, харидории таҷҳизоти техникӣ барои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ – радиометрӣ, ҳамчунин сӯзишворӣ ва руғанҳои молиданӣ, зарфҳо барои нигаҳдорӣ, харидани техника ҷиҳати роҳандозии корҳои соҳилбандӣ ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳаҳои номбурда натиҷаи сафари ҳайати Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар дар моҳи июли соли 2018 буд. Ин ҳамчунин марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.