Аз таркиши баллони газ дар як маросими гӯручӯб дар Чин 66 нафар зарар диданд

Бар асари таркиши газ дар рустои Кансюани вилояти Хэбейи Чин ҳаддиақал 66 нафар зарар дидаанд. Сабти видеоии ин рӯйдоди нохӯш ҳоло дар шабакаи  YouTube гардон аст. Хабар дода мешавад, ки баллони газ дар вақти анҷоми маросими гӯручӯб таркидааст. Бисёриҳо аз шиддати таркиш аз пой уфтоданд ва бар асари болои ҳам афтодану талоши фирор карданд, захм бардоштанд. Ҳолате ба миён омад, ки ҳамаро воҳима фаро гирифт.

Дар айни замон ҳамаи зарардидагон дар бемористон бистарӣ карда шудаанд ва гуфта мешавад, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад.

Пулиси минтақа ду нафарро ба ҷурми риоя накардани техникаи бехатарӣ, ки сабабгори таркиш шудааст, боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор додааст.

21 – уми марти соли равон низ дар корхонаи кимиёи вилояти Сянсзу инфиҷори сахте рух дода буд. Бар асари он 47 нафар ба ҳалокат расиданд, бештар аз 640 тан зарар диданд. Сабаби ин таркишро низ риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ унвон карда буданд.

барчасп: