КОРОНОВИРУС: Ҳинд ҳам дар карантин қарор гирифт. Бозиҳои Олимпидаи тобистонӣ соли оянда баргузор мешаванд
Чоп шуд: 25/03/2020 | admin
Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди рӯзи сешанбе эълон кард, ки сар аз нимишабии 25-уми март дар кишвар карантини сартосарӣ эълон хоҳад шуд. Вай дар муроҷиат ба шаҳрвандони Ҳинд гуфт: “Шумо бояд бидонед, ки инсони сироятшуда ба коронавирус дар оғоз чун шахси солим ба назар мерасад, зеро ин беморӣ нишонаҳои фаврӣ надорад. Аз ин рӯ тадбирҳои бехатариро риоя намоед, дар хонаҳоятон бимонед