Фаввораи оташфишони Зелландияи Нав сабаби ҳалокати 5 нафар шуд (Видео)

Бино ба хабарҳои охир бар асари авҷи оташфишони Зелландияи Нав то кунун 5 нафар кушта шудаанд ва теъдиди зиёде аз сайёҳон нопадид шудаву аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Баъзе гардишгарон лаҳзае пештар аз авҷи фаввораи оташфишон дида шудаанд, ки ба самти даҳонаи оташфишон дар ҳоли ҳаракат буданд.

ВВС ба нақл аз манбаъҳои худ мегӯяд, пулиси Зелландияи

Ҷасади сокини 41-солаи пойтахт дар кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Ҷасади як сокини 41-солаи пойтахт, ки чанде пештар баъди муноқишаи хонаводагӣ бедарак шуда буд, аз кӯли Ҷавонон пайдо шуд. Гуфта мешавад, ки ин мард баъди баҳси хонаводагӣ аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Ҷасади ӯро баъд аз зуҳри рӯзи 8-уми декабри соли равон наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита пайдо карданд  ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти дахлдор супурданд.

АНОНС: Хонданиҳо ва диданиҳои ин ҳафта дар сомонаи мо

* Таҳқиқоти тоза: Гармоиши замин ҳаёти бисёре аз моҳиҳоро таҳдид мекунад.
* Маркази идораи ҳолат
ҳои буҳронӣ, яъне чӣ?
* Бузургтарин обхезиҳои харобиовари таърихи башар. Маълумоти сарчашмаҳо аз соли 1342 ба инҷониб.
* Номаи хонанда: Маргумири шашуми олам. Чаро шашум?
* Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши дуюм.

Фаронса дар тақвияти зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳамкориҳои худ идома медиҳад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидор ва зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад. Хонум Ясмин Гуедар ин суханонро дар мулоқоташ бо генерал-лейтенант Рустам Назарзода – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон овард.

Имдодгарони Рашт соҳиби таҷҳизоти нави наҷот шуданд (ВИДЕО)

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт соҳиби як силсила таҷҳизоти наҷот шуд. Ин кумакҳо дар доираи барномаҳои ҳамкориҳои мутақобила миёни Кумита ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои Кумита дар роҳандозии корҳои наҷот амалӣ гардид. Маросими таҳвили таҷҳизот рӯзе қабл доир шуда буд.

Страницы