Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гидроксихлорохинро барои табобати коронавирус марговар хонд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ санҷиши клиникии гидроксихлорохин ва  хлорохинро, ки қаблан эҳтимол мерафт чун доруи зидди коронавирус тавсия шавад, боздошт. Таҳқиқоти ахир нишон дод, ки истифодаи гидроксилорохин на танҳо фоидаовар нест, балки метавонад сабабгори марги беморон шавад.

Натиҷаи ин таҳқиқот рӯзи 22-уми май дар маҷаллаи тиббии The Lancet интишор ёфт. Бино ба гуфтаи сарвари ин пажӯҳиш, доктор Мандип Мер аз Маркази тиббии Бостон ин доруҳо на танҳо фоида надоранд, балки дар табобати мубталоёни коронавирус марговар низ мебошанд. 

Дар ин таҳқиқот 96 ҳазор бемор аз шаш қитъаи олам ширкат кардаанд. Онҳо ба чор ҳисса ҷудо карда шуданд. Гурӯҳи аввал барои табобати COVID-19 доруи гидроксихлорохин, гурӯҳи дуюм хлорохин, гурӯҳи сеюм яке аз ин ду доруро ҳамроҳ бо антибиотики дигар истифода намуд. Ва гурӯҳи чаҳорум дар муолиҷаи коронавирус аз ин ду дору аслан истифода набурд.

Марг миёни беморони гурӯҳи чорум 9 дарсадро ташкил дод. Аз бемороне, ки хлорохин истифода карданд, 16,4 дарсадашон фавтиданд ва аз миёни онҳое, ки гидроксихлорохин истеъмол карда буданд, 18 дарсадашон ба ҳалокат расиданд.  Аммо марг миёни касоне, ки барои табобати КОВИД-19 антибиотикро якҷо бо хлорохин истеъмол карданд, 22.8 ва касоне, ки гидроксихлорохинро ҳамроҳ бо антибитик истифода карданд, 23,8 дарсад ташкил дод.

 Чуноне дида мешавад, истеъмоли ин ду доруи муолиҷаи табларза ҳамроҳ бо ҳар антибитик муҷиби марги одамони бештар шудааст. Хатари марг миёни ду гурӯҳе, ки ду доруи зидди табларзаро ҳамроҳ бо антибиотикҳо истифода бурданду мебаранд 45 фоиз аст. 

Таъсири ин доруҳо ба кори дил

"Таъсирнокии доруҳои гидроксихлорохин ва дар табобати COVID-19 – ро ягон маълумоти тиббӣ тайид намекунад,- мегӯяд Франк Ружиска, мудири шуъбаи кардеологияи бемористони донишгоҳии Сюрих. - Баръакс, истифода ин доруҳо барои мубталоёни КОВИД-19 таъсироти баръаксу манфиро медиҳад ва муҳимтар аз ҳама бо тағйир додани таппиши дил хатари маргро бештар мекунад”.

Аз ин пештар президенти ИМА Доланлд Тромп гуфта буд, ки  барои пешгирӣ аз сироят ба коронавирус гидроксихлорохин истеъмол мекунад. Агентии иттилоотии  AFP  навишт, ки бо ин президент дас тури Вазорати тандурустии ИМА-ро нодида мегирад. Аммо ду рӯз пеш Тромп эълон кард, ки вай муддати ду ҳафта гидроксихлорохин истеъмол кард ва кин як курти муолиҷа буд, ки ҳоло қатъ шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар олам аз КОВИД-19 қариб 345 ҳазор нафар фавтиданд, 5,5 миллион нафра ба он сироят шуданд. Дар айни замон донишмандони олам дар пайи пайдо кардани доруи зидди коронавирус ва ё воксан зидди онанд. Талошҳо идома доранд. Натиҷаҳои умедворкунанда низ дида мешаванд. Аммо дар мавриди кашфи доруи таъсиргузор ва воксани санҷидашуда сухан гуфтан ҳанӯз ҳам бармаҳал аст.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳони итандурустӣ ба кулли кишварҳои олам ҳушдор дод, ки пандемия ҳанӯз ба охир нарасидааст ва хеле бояд эҳтиёткор буд, ки авҷи дигари он оғоз нагардад.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

 

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

 

Аз таҷрибаи беруниён: Оби бинию даҳони шахси бемор хатарноктарин манбаи вирус мебошад
Русия эълон кард, ки охири тобистон воксани зидди COVID-19 таҳия хоҳад шуд
Чин мегӯяд панҷ воксани зидди короновирусро озмоиш кардааст
Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи коронавирус (COVID-19) бояд сӯҳбат намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ. Барои пешгирӣ аз сироят ба короновирус чиро бояд донист?