Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 6-уми март: Борону барфи ба ҳам омехта, вазиши боди сахту сард дар кишвар

Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5-8 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назад дошта шудааст, дар минтақаҳои гуногун борону барф меборад. Бахусус рӯзҳои 8-9 март ҳаво тағйир меёбад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ағбаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ лағзиши тарм аз эҳтимол дур нест.

Короновирус: Нигарониҳо аз вазъи Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон

Шумори мубталоён ба вируси короно дар Кореяи Ҷанубӣ бино ба омори соати 8 бегоҳи рӯзи гузашта ба 5186 нафар расид. Раванди рӯ ба афзоиши вирус дар Кореяи Ҷанубӣ нигаронкунанда аст, танҳо рӯзи гузашта бештар аз 500 нафар ба ин вирус мубтало шуданд. Дар иёлоти Вашингтони ИМА дирӯз аз фавти боз се нафар бар асари сирояти короно хабар дода шуд. Шумори ҷонбохтагон

Тамрини бартарафсозии хатари ярч дар Роғун

Субҳи рўзи 3 марти соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҷиҳати санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мақомот, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва

Вируси короно: Олам дар минтақаи ғайриқобили вуруд

Кореяи Ҷанубӣ бо нигаронӣ аз вазъи густариши вируси короно дар мамлакат вазъи ҷангӣ зидди ин вирус эълон кард. Президенти ин кишвар Мун Чже Ин ба тамоми дастгоҳҳои ин кишвар фармон дод мубориза ба муқобили коронро тақвият бахшанд ва барои садди роҳи густариши он шудан чораҳои фаврӣ андшанд. Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳое мебошад, ки бо рушди

Илоҷи ҳар воқеъа қабл аз вуқуъ

Ин буд як сабаби санҷиши ҳолати омодабоши ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд. Роҳбарияти Раёсат сатҳи омодагии кормандон ва ҳайати шахсиро санҷид ва онро арзёбӣ кард. Барои рафъи камбудиҳо чораҳои иловагӣ дид. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба

Страницы