Рўзи 26-уми май гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 11-нафар бо 3-адад автомашина, 12- адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3-адад дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сафарбар карда шуданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти СOVID-19 гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсат, дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуд ва атрофи бозорҳои Ховарон, Аманал ва Машъал, шаҳраки (МИМ) №3, инчунин маркази савдои самти маҳаллаи Бўстон ва Автобазаи“29-27” корҳои безараргардонӣ роҳандозӣ карданд.
Ҳамзамон рӯзи 26-уми июн аз соати 19: 00 то 21:30 дақиқа бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти СOVID-19 гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсат, дар гирду атрофи кўчаву бозорҳои Ховарон, Аманал ва Машъал, шаҳраки (МИМ) №3, Маркази савдои самти маҳаллаи Бўстон ва Автобазаи“29-27” инчунин дар роҳравҳои кўчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур такроран корҳои безараргардонӣ гузарониданд.
Дар маҷмуъ барои поккории кўчаи зикргардида 4000 литр маҳлули гипохлориди натрий сарф гардид.