Резаахбори ин соат: Бархӯрди ду мошин дар Варзоб, инфиҷори обгармкун дар хона, сели харобкор дар Роғун, боди сарди Душанбе ва боми хонаи сокинон...

Инҳо чанд номгӯи хабарҳои мухтасар аз рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Ҷойе сел омадаву роҳро бастааст ва ҷойи дигар мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд. Боди сахт боми хонаро кандаву ба замин партов карда, сел мошинеро зери об кардааст ва гурбаяки нозанинро ҳам аз фалокати эҳтимолӣ наҷот додаанд...

 

Садамаи мошин дар Варзоб

Субҳи рӯзи гузашта, 26-уми май дар километри 24,5 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар деҳаи Қалъаи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа мошини сабукрави тамғаи “ОПЕЛ ЗАФИРА”, ки аз ҷониби сокини 34-солаи пойтахт Орипов Эркин идора мешуд, бо мошини калони боркаши тамғаи АТЕКО бархӯрд.   

 Дар натиҷаи садама автомашинаи ОПЕЛ ЗАФИРА ба соҳили чаппи дарёи Варзоб сарозер шуда, сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор аз ҷониби хадамоти оташнишонии ноҳияи Варзоб фавран хомӯш карда шуд. Садама талафоти ҷони надошт.

 

 Инфиҷор дар хонаи истиқоматии сокини Душанбе

         Бегоҳии рӯзи 26-уми май аз таркиш дар як хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт хабар расид. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, соати 17:13 дақиқа, Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар сафарбар карда шуданд.

         Маълум карда шуд, ки обгармкуни (термекс)  дохили  ҳаммоми хона таркида, ба  девори ҳамом, ҳоҷтхона ва ошхона қисман зарар расонидааст.

         Дар ин ҳодиса касе зарари ҷисмонӣ надидааст. Иллати инфиҷори обгармкун маълум нест. 

 

Боди шадиду боми хона

Нимишабӣ, дақиқан соати 23:37 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  хабар расид‚ ки боми бинои 5 - ошёнаи манзили истиқомати шаҳрвандон  дар натиҷаи вазидани шамоли сахт, ба замин афтидааст.

          Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада,  соати 23:40 дақиқа, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар хайати 5 нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.

          Маълум карда шуд, ки боми хонаи истиқоматии мазкур ба масоҳати 24 мзарар дида, соати 01:43 дақиқа санаи 27 майи соли 2020 ҳолати ба амаломада аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бартараф карда шуд.

 

Сел дар роҳи Роғун, Ваҳдат, Раштт, Ҷиргатол

Шаби 26-уми май, соати 23:30 дақиқа дар натиҷаи бориши шадиди борон дар ҳудуди НБО Роғун, дар роҳ сел омада, як адад автомашинаи XOVA – 344 ТГМ зери сел монд. Дар натиҷа ронандаи автомашина, сокини ноҳияи Ховалинг аз пояш ҷароҳат бардошт.

        Номбурда дар беморхонаи шаҳри Роғун бистари карда шудааст.

        Инчунин, худи ҳамин рӯз соати 23:25 дақиқа, дар натиҷаи бориши пуршиддати борон дар км 84-уми шоҳроҳи Ваҳдат - Рашт – Ҷиргатол, дар ҳудуди ҷамоати Сичароғ сел омада, шоҳроҳро ба муддати 2 соат баст.

Роҳи мазкур бо қувва ва воситаҳои хадамоти нақлиёт ва роҳи шаҳри Роғун тоза карда шуда, ҳоло равуои мошинҳо аз сар гирифта шудааст.

 

Ва ниҳоят: наҷоти гурбае, ки натавонист аз болои кондитсионер поин ояд

Субҳи рӯзи 26-уми май,  соати 06:19 дақиқа, шаҳрванд Деляева Зуҳра   истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Аҳмади Дониш ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар  дод, ки гурбааш болои таҷҳизоти барқӣ (кондитсионер)-и хонаи истиқоматиаш баромада дар мондааст.

Гурӯҳи  махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Сокинони хона гуфтанд, ки мехостанд кумак кунанд, вале ин гурбаи тарсхӯрда намехост аз ҷой ҷунбад ва пайвста садо мебаровард ва имдод мехост.

Кормандони наҷот бо истифода аз дастгоҳи кӯҳгардӣ то ба кондитсионер расиданд ва гурбаро раҳо карда, ба соҳибаш супурданд. 

Имдодгарони Кумита борҳо дар канори корҳои дигар ҳайвоноти хонагиро ҳам аз мусибатҳо наҷот додаанд. Як вазифаи муҳими онҳо наҷоти одамону ҳавонот аз гирдоби ҳаводисест, ки дармондаанд.