Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як шаҳрванди 12-солаи дҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли Комсомол аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.
Ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 17:20 дақиқа ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба хешовандонаш супориданд.
Ин аввалин ҳодисаи марги ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар соли 2020 аст. Беназорат гузоштани кӯдакон ҳамеша сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад. Волидону пайвандон бояд ҳатман нозири ҷигарбандони худ бошанд.
Чаро мошини Опел-Асрта ба дарё рафт?
Мошини Опел-Астра”-и Шоҳмирзо Абдураҳимов – сокини деҳаи 20 солагии Истиқлолият Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлолият ба дарё ғарқ шуд. Кормандони бахши вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд мошин дар натиҷа аз кор мондани тормозаш ба дарё рафт.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо роҳандозии тадбирҳои зериобиву рӯиобӣ мошинро аз жарфои 3-4 метр берун овард в аба соҳибаш супурд.
Дар ин ҳодиса касе зарари ҷисмонӣ надидааст.
Ронадагон дар аксар мавридҳо вақти сафар аз ҳолати техникии мошинҳои худ хабар намегиранд. Беназоратӣ ё бепарвоӣ метавонад сабаби ҳодисаҳои ногувор шавад. Дар рӯйдоде, ки нақл шуд, ронанда зинда монд. Аммо ҳолате пеш меояд, ки ронандаву мусофирон якҷо ба оби пурхурӯши дарё мераванд ва ин ин гуна ҳодисаҳо ҷуброн надоранд.
Селҳои харобкор дар ВМКБ
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ рӯзи 27 – уми майи соли 2020 тахминан соати 22:20 дақиқа бар асари бориши шадиди борон дар километри 347, мавзеи деҳаи Санғев, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад.
Сели азим муддате ҳаракати нақлиёт ба ду самтро боздошт. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 00:46 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, роҳ барои ҳаракати нақлиёт пурра боз шуд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз нимишабӣ низ бар асари бориши сахти борони баҳорӣ дар километри 324, мавзеи деҳаи Шикев, ҷамоати деҳоти Нулванд шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад ва он муваққатан роҳи ҳаракати мошинҳоро баст. То ин соате, ки хабар омода мешавад, корҳои бартарафсозии паёмади ин сели азим идома дошт ва бо расидани хабари тоза, хонандагонро дар ҷараён хоҳем гузошт.