Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии муқими кишвар – шарикон аз гурӯҳи РЕАКТ: Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар ҶТ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кумакҳои навбатиро расонданд. Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар ҷараёни тақсими ин кумакҳо шахсан ширкат дошт ва ҳамзамон бо сокинони осебдидаи ноҳия ҳамсуҳбат шуд.
Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ: 15 тонна орд, наздик ба 400 бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳо барои об ва доруҳои поккунанди об иборат буданд.
Ин ҳама бо истифода аз техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои зарардида расонда шуд ва бо иштироки комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба ниёзмандон тақсим карда шуд.
Раиси Кумита зимни диду боздидаш аз маҳалли офат дар суҳбат бо сокинон дар бораи тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, кумакҳои масолеҳи сохтмонӣ барои барқарорсозии хонаҳои харобшуда муфассал нақл кард ва аз ҷумла ёдовар шуд, ки ҳама корҳои бартарафсозӣ ва кумакҳо зери назари Ҳукумати кишвар аст.
Сарвари Кумита ҳамчунин бо ҷараёни корҳои бартарафсозии ҳолати бамиёномада шинос шуд ва барои боз ҳам суръат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ ба ниҳодҳои зирабти Кумита дар вилояти Хатлон дастур дод.
Раиси КҲФ ҳамчунин бо кору фаъолияти сарбозони кисми харбии 45989 — и Кумита ХФ ва МГ назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки барои бартарафсозии оқибатҳои сели харобкор ба ноҳияи Хуросон эъзом шуда буданд, аз наздик шинос гардид.
Рафти корҳои барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ин ноҳияи вилояти хатлон зери назорати КҲФ қарор дорад.