53 нафар сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 42 хонаҳои деҳаи 18-ум ҳизбро аз обу лоиқа тоза карданд. Нақлиёти ҷудошуда аз ноҳияи Хуросон ва КҲФ 180 метр заҳбуру заҳкаш, 63 метр канали обгузарро тоза карданд. То бегоҳи рӯзи 22-уми май Хадамоти муҳофизат аз селҳо 659 маҷроҳи канали мавзеи офати табииро дар масофаи 520 –ро соҳилбандӣ кард. Инчунин, теппаҳои муҳофизатии канали Хоҷақалъа барқарор карда шуданд.
Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳияи Хуросон дар маҷмуъ 250 метр роҳи деҳаи Н.Асадуллоро аз лой пок намуд, инчунин 1500 метр роҳои байникучавиро тахту ҳамвор намуд.
Беморхонаи №5 ҷамоати деҳоти С.Айнӣ аз хоку лой тоза карда шуда, деворҳо ва дарахтон сафед карда шуданд.
Хадамоти энергетикии ноҳия 10 адад пояҳои бетонии 10 КВ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти С.Айнӣ насб кард ва дар сохтмони хатҳои интиқоли қувваи барқи 35 КВ бо дарозии 1,5 км ва кашидани хати интиқоли қувваи барқ бо дарозии 3 км корҳо оғоз гардиданд.
Шуъбаи дезинфексияи ноҳияи Хуросон дар деҳаи Н.Асадулло 130 хона ва иншоотҳои ёрирасон, шаҳрчаи хаймавӣ инчунин, дар деҳаи Хуросон 20 хона ва иншотҳои ёрирасон, кӯчаю роҳравҳо, беморхонаи № 5 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақа идома доранд.
М. Муйдинов