Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинзи ИМА шумори мубталоён ба бемории короновирус дар олам ба беш аз 5,6 миллион нафар расидааст ва зиёда аз 350 ҳазор нафар ҳам аз ин маризӣ фавтидаанд. Ҳамин омор мегӯяд ҳоло маркази сироят ва авҷи короновирус ба Амрикои Лотин кӯчидааст.
Дар Бразилия 390 ҳазор нафар гирифтори ин вирус шудаанд ва дар кишварҳои дигари ин минтақа, аз ҷумла дар Мексика, Чили, Перу мубталоён рӯз то рӯз меафзоянд.
Аввалин ҳодисаи сироят ба коронавиурс дар Бразилия рӯзи 26 феврал ба қайд гирифта шуда буд. Ҳоло дар кулли минтақаи Амрикои Лотин беш аз 750 ҳазор нафар гирифтори ин беморианд ва назик ба 40 ҳазор тан аз он ҳалок шудаанд.
Агар дар кишварҳои аврупоӣ маргумир кам мешавад, дар мамолики Амркиои Лотин он ба шиддат меафзояд ва ин созмони байналмилалиро хеле нигарон кардааст. Ҳар ду ҳафта теъдоди фавтидагон дар Бразияли, Мексика ва Перу ду баробар меафзоянд.
Ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишварро 3424 нафар эълон кард.
Ин манбаъ дирӯз навишт, ки то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ҳамзамон, то соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.