Поккориҳои рӯзи гузашта: Суғд ва шаҳри Душанбе

Ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвӣ сарфи поккориҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва иншоотҳои давлативу хонаҳои истиқоматӣ, боғу гулгаштҳо ва ғайра мешаванд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаву имкониятҳо ҳар рӯз дар гӯшаву канори кишвар ин гуна корҳоро роҳандозӣ мекунанд ва ҳадаф аз он пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва коҳиш додани хатари он мебошад.

Чунончӣ, рӯзи 27 - уми майи соли 2020 бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат, Бахши шаҳри Хуҷанд ва водии Зарафшон бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла;

-дар минтақаҳои 13 ва 28-ум 20 адад биноҳои истиқоматии 5-9 ошёна, ки дар маҷмӯъ 95 даромадгоҳ доранд ва дар умум масоҳати 12830 м2 корҳои безараргардонӣ роҳандозӣ шуданд;

-дар ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Варз 220 хоҷагӣ ва масҷиду кӯчаю хиёбонҳо;

-ҷамоати шаҳраки Зарафшон 655 хоҷагӣ, бозор, мактабҳо, ҷамоат, кӯчаю маҳаллаҳо ва 9 адад биноҳои истиқоматии 4 ошёна бо 42 даромадгоҳ, дар маҷмӯъ дар 2 ҷамоати ноҳияи Айнӣ ба масоҳати 35000 м2 поккорӣ шуданд.

Корҳои низофату паксозӣ аз вирус дар саросари навоҳии вилояти Суғд идома доранд.

Дар шаҳри Душанбе низ

Рўзи 27-уми май гурўҳи безаргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, иборат аз 10-нафар бо 3-адад автомашина, 12- адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3-адад дорупошаки муҳарикдор бо мақсади пешгирӣ аз бемории сирояти СOVID-19, дар 6-муассиса ва беморхонаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корҳои безараргардонӣ гузарониданд.

 Аз ҷумла;

-МД “Маркази Ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст”, кӯчаи Айнӣ, гузаргоҳи 2, бинои №52а;

-МД “Маркази саломатии шаҳрии №3, кӯчаи Айнӣ №80;

-Маркази саломатии№3, Амбулаторияи тиббӣ оилавии шаҳрии №191, кӯчаи Айнӣ;

-МД Маркази саломатии шаҳрии №5, кӯчаи Аҳмади Дониш №12;

-шӯъбаи МД Маркази саломатии шаҳрии №5, кӯчаи Титова;

-Маркази муоинаи профилактикии тибби худмаблағгузор, кӯчаи Аҳмади Дониш №12.

Инчунин санаи 27.05.2020 аз соати 18:00 то 21:00 дақиқа ҷиҳати шабонарӯзи гузаронидани корҳои безараргардонӣ бо ҷалби 4 нафар хизматчии ҳарбии Раёсат ва 1 адад техника гирду атрофи муассисаҳои зикршударо бо маҳлули гипохлориди натрий безарар гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои роҳандозии корҳои поккорӣ дар муассисаҳо ва кӯчаҳои ёдшуда 8000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд.