Вазорати тандурстии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирусро дар кишвар 3563 нафар эълон кард ва гуфт, ки то кунун аз ин беморӣ дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. Дар гузориши ин вазорат омадааст, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар касе аз ин вирус нафавтидааст ва шумори фавтидагон ҳамон 47 нафар боқӣ мондааст.
Манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки 28 май дар мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.
Аз ҷумла, ҳамарӯза садҳо литр маҳлулҳои кимиёвӣ сарфи поккориҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва иншоотҳои давлативу хонаҳои истиқоматӣ, боғу гулгаштҳо ва ғайра мешаванд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаву имкониятҳо ҳар рӯз дар гӯшаву канори кишвар ин гуна корҳоро роҳандозӣ мекунанд ва ҳадаф аз он пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва коҳиш додани хатари он мебошад.