ҲУШДОР: Наврасони ғарқи об, худкушии ноболиғон. Ба ин ҳама кӣ посух хоҳад дод?

Ҳатто қалам оҷиз аст дар ин бора нависад. Тифлаконро волидони бепарво беназорат мегузоранд ва баъди он ки хабари фоҷеаро мешуднаванд, бо оҳу нола гӯши флак кар мекунанд. Ва ё намехоҳанд дар зиндагӣ ба арзи духтар ё писари ноболиғи худ гӯш андозанд, сирри дилашро донанду дар мушкили равонӣ ҳамроҳаш бошанд. Ва чун даст ба худкушӣ мезанад, боз ҳам нолаву фиғон мекунанд. Чаро мо ба ин ҳад бепарвоем? Чаро мо ҷигарбандонамонро ба ин бепарвоӣ аз адст медиҳем? Ин чанд ҷумла пешнависе ба чанд хабарест, ки ҳоло мехонед.

Шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард,  сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст. 

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд. Вале ин кофтуков дирӯз натиҷа надод, имрӯз кормандони наҷот корҳои кофтуковро аз сар гирифтанд. Ба муҷарради расидани хабар шуморо огоҳ хоҳем кард.  

Ҳамчунин нисфирӯзии 28-уми май кӯдаки 4-сола аз деҳаи Навид, ҷамоати деҳоти Навиди ноҳияи Рашт аз беэҳтиётии волидайнаш дар дарёчаи ин русто афтида ғарқ мешавад.

Баъд аз дарёфти хабари фаврӣ дастаи махсуси  наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рашт ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо ҳамроҳии аҳолии деҳоти мазкур корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 16:20 дақиқа ҷасади ноболиғро ёфтан ва ба волидонаш супурданд.

 

Худкушии навраси 16-сола, марги духтари 25-сола дар об

Чӣ водор кард, ки навраси 16-сола худро ба дарёи пурхурӯши Зарафшон андозад? Суолест ҳоло беҷавоб. Ин ҳодиса рӯзи гузашта наздикиҳои аср дар ҷамоати деҳоти Айнӣ рух дод ва духтари 16-сола ба қасди худкушӣ худро дар дарёи Зарафшон ғарқ кард.

Ба муҷарради дастрас кардани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони шуъбаи КҲФ дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. То омадани торикӣ ҷустанд, духтар пайдо нашуд. Имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд ва аз натиҷааш хабар хоҳем дод

Нисфирӯзии 28-уми май сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан, ки дар оби обанбори Катасой шиноварӣ мекард, баногоҳ ғарқ шуд. Ин бонуи 25-сола шояд намедонист, ки дур рафтан аз соҳил қуввати бозгашт мехоҳад. Касе шояд наздаш набуд, чораҳои эҳтиётиро риоя накард ва дар ҳамин танҳоӣ ҷони ҷавони худро аз даст дод.

Вақте хабари ғарқи об шудани бону расид, дастаи махсуси наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Зарур омад то соати 16:05 ҷустуҷӯ кунанд ва билохира ҷасадро пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

 Донистани қоидаҳои шиноварӣ барои касоне, ки оббозӣ мераванд, хеле зарур аст. Ва бахше аз ин қоидаҳоро шумо метавонед ин ҷо мутолиа кунед: Бехатариву амният дар об: Инро донед, то ҳаётатон зери хатар набошад!