Борон нагузашта боз борон, борон...Ва селу бодҳои шадид ҳамоно харобкорӣ мекунанд

Баҳор ҳоло нарафта ва ҷойи худ ба тобистон надода. Дар ин моҳ мо шоҳиди харобкориҳои боронҳои пуршиддату селҳои азим дар чанд нукоти кишвар будем, ки бадтарин ҳолат дар ноҳияи Хуросон буд. Ва батадриҷ мушкили офат кам мешавад, ҳаёт дар минтақа ба маҷрои худ бозмегардад. Аммо ин гумон хато буд, ки дигар борон даст ба бедодиву вайронӣ намезанад, чун дамои ҳаво гарм шуда. Дигар бод харобкорӣ намекунад, чун тобистон наздик омада. Аммо дирӯз дар чанд нукоти кишвар ин бедодиҳои борону шамолу сел мушоҳида шуд.

 

ДАР РАШТ:

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт соати 22:10 дақиқаи рӯзи 27.05.2020 шамоли шадид дар деҳаҳои  Ҳоит ва Беги Сиёҳи ҷамоати деҳоти Ҳоит  ба болопӯши 17 хонаи истиқоматӣ ва 26 иншооти ёрирасон, дар ҷамоати деҳоти Ясманд деҳаи Ҳисорак болопӯши 3 хонаи истиқоматӣ ва 11 иншооти ёрирасон  қисман зарар расонд.

Ҳолати баамаломада бо ҷалби хадамоти дахлдор ва аҳолии деҳаҳои мазкур ба тариқи ҳашари умумӣ бартараф карда шуд.

Инчунин, хатти баландшиддати интиқоли барқ ба масофаи 300 метр ва 500 метр ноқили пастшиддат хароб гаштааст.

Корҳои бартарафсозӣ аз ҷониби хадамоти барқ ба роҳ монда шудааст.

Талафоти ҷонӣ ва зарар ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҷои ҳодисаи комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

 

ДАР НУРОБОД ВА САНГВОР:

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нурободсоати 21:30 дақиқаи рӯзи 27-уми май бар асари борониҳои пуршиддат, дар селроҳаи мавзеи дараи Валии деҳоти Камсомолобод сел омада, маҷрои оби дарёчаи Дашти Гургон баста гардид.

Ҳолати мазкур боиси ворид гардидани зарари моддӣ ба иншоотҳои ёрирасон ва кишти зироатҳои наздиҳавлигии шаҳрванд Хабибова Аслия гардида, инчунин роҳи канори дарёча дар масофаи 120-130 метр пур аз сангу шағал гаштааст.

Дар деҳаи Тутхор обу лоиқа ба кишти зироатҳои кишоварзӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон даромада, инчунин 4 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 1 адад купрук зарар дидааст.

Дар деҳаи Душохазамин ва Себак ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, 3 километр роҳи маҳаллӣ зарар  расидааст.

Дар рустои Деҳи Шоҳ бар асари боридани борон ва вазидани шамоли сахт болопуши хона ва деворҳои гирду атрофи хонаи шаҳрванд Қодиров С.  чаппа шудааст.

Ҳамчунин боди шадид дар деҳаҳои Шаҳринав ва Ёзғанди ноҳияи Сангвор, ба болопӯши хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони се хоҷагии деҳаҳои номбурда зарар расондааст. 

Ҳолати баамаломада бо ҷалби хадамотҳои дахлдор ва аҳолии деҳаҳои мазкур ба тариқи ҳашари умумӣ бартараф карда шуд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

 

ДАР ВМКБ:

Боди сарду шадид ба ВМКБ низ асар кард. Рӯзи 28-уми май, соати 01:24 дақиқа, дар километри 324 деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди деҳоти Нулванд бар асари боронҳои пуршиддат сел омад ва самти роҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ баста гардид.

Ба ҷои ҳодисаи баамаломада аз тарафи МДНРА- и ноҳия 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ сафарбар гардида, соати 08:54 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардидааст.

 

ИТТИЛОИ ХАДАМОТИ ЖОЛА:

Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи 28-уми май бо партови 18 мушаки зиддижолаи “Алазан” дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон 7 имнтақаи хавфнокро аз хатари резиши жола безарар гардондааст.