Супурдани техника ва таҷҳизоти махсус аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин

23 июли соли 2019 барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 127 номгӯ васоити техникии ҳарҷогард ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё намудааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рӯзҳои истироҳат се шаҳрвандро наҷот доданд

Боз се шаҳрванд – ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, ки дар Сирдарёи шаҳри Хуҳанд ғарқ мешуданд, аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд наҷот дода шуданд.

Шаҳрвандон дар мавзеи манъшуда оббозӣ карда, ба гирдоб афтиданд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ, ки ҳамарӯза ба гаштзании соҳилҳои дарё машғуланд, сари вақт ба ёрӣ расида омаданд.

Гармои даҳаи охири моҳи июл: ҲУШДОРИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки ҳавои гарму хушк дар қаламрави мамлакат то 23-уми июл боқӣ мемонад.

Грамои шадид сабабгори об шудани барфҳову пиряхҳо шуда, ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Вахш, Панҷ ва Зарафшон оварда мерасонад.  Баланд шудани сатҳи об соҳилҳоро мешӯяд, метавонад сабаби омадни сел, лағзиши тарма, резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ шавад. 

Наҷоти 100 нафар ва 15 ҳазор сар чорвои сокинони Пакшиф дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Сад нафар сокинони як русто дар Кӯҳистони Масчо бар асари хароб шудани пули иртиботиашон ба хатар рӯ ба рӯ шуданд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон ва Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия Мастчо ба кумак расиданд ва бо истифода аз заврақҳои резинӣ онҳоро бо маводи ниёзи аввалия ва масолеҳи сохтмон ҷиҳати барқарор намудани пули харобшуда таъмин карданд.

Як ҷумла, вале як ҷаҳон руҳбаландӣ...

Оре, ҳамагӣ як ҷумла буд ин пайки шодӣ. Дар ҳамин як ҷумла арзи сипоси се хонаводаи шод ғунҷид. Як ҷумлае, ки панҷ тан аз наҷотдиҳандагонро руҳбаланд кард. Онҳо бори дигар донистанд, ки кори нек ин гуна подоше дорад. Ҳамин аст он: АРЗИ СИПОС! Сипос ба касоне, ки инсонҳоро наҷот доданду медиҳанд. Сипос ба касоне, ки наҷоти башарро ба худ касб кардаанд.

Страницы