АЗ ДОНИШНОМА. Фурӯ рафтани бозори Басмани Москав, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳалок шуда буданд

Бозори Басман (то соли 1994 бозори Бауман) як бозори бузург дар кӯчаи Баумани ноҳияи Басмани пойтахти давлати Русия шаҳри Москав буд, ки аз соли 1975 то соли 2006 фаъолият кард. Субҳи рӯзи 23-уми феврали соли 2006, соати 05:20 дақиқа  боми он фурӯ рафт ва дар ин ҳодиса 68 нафар ҷон бохтанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. 33 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Муаррифии низоми мониторинг ва огоҳии қаблӣ дар кӯли Сарез (ВИДЕО)

2 июли соли 2021 бо мақсади навсозӣ, такмил ва тавсеаи низоми огоҳсозӣ ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ барои кӯли Сарез  баргузор гардид.

Вохурии судманд дар Суғд

Баҳри таъмини солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси СOVID-19 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

КҲФ аз хавфи селҳои пиряхӣ ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Корҳои фаҳмондадиҳии Кумита дар сати пешгирии паҳгшавии бемории коронавирус

Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемороии COVID-19" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро идома дода истодаанд.

Страницы