КОВИД-19: Пойтахти Ҳинд дигар ҷойи мурдасӯзӣ надорад
Чоп шуд: 30/04/2021 | admin
Мавҷи дуввум ва саҳмгину маргборо коронавирус дар Ҳинд ҳанӯз рӯ ба рукуд наовардааст ва дар Деҳлӣ-пойтахти ин кишвар дигар ҷойи мурдасӯзӣ намондааст. Рӯзи панҷшанбе бо сирояти беш аз 386 ҳазор нафари дигар шумори гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз 18 миллион нафар гузашт. Ин бештарин теъдоди мубталоёни рӯзонаи як кишвар аз оғози ҳамагирии корона аст.