Дар мавриди воксинатсия то ин замон чанд матлаб дар саҳифа гузоштем, вале суолҳои беҷавоб ҳамоно зиёданд. Баъди пахши матолиб дар ин мавзӯъ дар ҳошияи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ суолҳое ҳам расиданд, ки лозим донистем нисбати онҳо бетаваҷҷуҳ набошем. Бастае аз ин суолҳоро дар суҳбат бо духтури шинохтаи тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов дар миён гузоштем. Доктор Абдуллоҳ Давлатов аз аввали ҳамагирӣ бо мақолаҳову тавсияҳои илмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва ҳатто дар шабакаи Ютуб ҳам чандин суҳбати худро гузоштаву аз ҷониби корбарон ба хушӣ пазируфта шудааст.
Инак, посухҳо ба он суолҳое, ки болотар ишора кардем:
- Ҳар дору илова ба фоида боз зарар ҳам дорад, ки олимон инро сареҳан таъкид мекунанд. Воксинаҳо ба он ки дар пешгирӣ аз сироят ба коронавирус пешгирӣ мекунанд, боз зарарҳои эҳтимолӣ ҳам доранд?
- Дуруст фармудед, ки “ҳар дору илова ба фоида боз зарар ҳам дорад”. Аммо, зарар ҳамон вақт сар мезанад, ки андозаву меъёрҳо риоя намешаванд. Медонем, ки на танҳо дар мавриди доруҳо, балки агар дар гуфтору кирдору ғизову ғайра ҳам тавозун риоя нашавад, мушкилӣ эҷод мешаваду зарар ворид мегардад. Ва ин ҳарфҳо як хушгӯии фалсафӣ нестанд – воқеият ҳастанд.
Дар мавриди воксинҳои зудди коронавируси нави SARS-CoV-2 ҳам ҳамин ҳолат аст – агар воксингирандагон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва духтурон муайян кунанд, ки дар нисбати якояки онҳо ягон мавориди манъӣ вуҷуд надорад, пас, бе ягон оқибати манфӣ амалиёти воксинкунӣ анҷом хоҳад ёфт.
- Ҳангоми ваксинзанӣ чиро бояд дар мадди назар дошт? Оё маҳдудияте вуҷуд дорад?
- Дар мадди аввал бояд духтурон дар мавриди зиндагиномаи муроҷиаткунанда иттилоъ дарёфт кунанд: кадом касалиҳои музмин дорад ё кадом бемориҳоро гузаронидааст; аллержӣ дорад ё не; ягон бемории таъсиргузор дар масуният дорад ё не; пайвандони ҳамхунаш ягон маризиҳои ирсӣ (генетикӣ) доранд ё не; дар тӯли ҳаёташ шудааст, ки дар натиҷаи воксин гирифтан аз дигар уфуниҳо нороҳатие пайдо шуда бошад ва ғайра.
Агар духтур ҳамаи инро дақиқ кард, баъд оиди иҷоза ё манъи воксин хулоса мекунад.
Фарз кардем, ки нафаре барои воксин омаду духтур муайян кард, ки синнаш аз 18 солагӣ поён аст ва ё аз 65 боло ё ягон бемории вазнини музмини (хроникии) гурдаҳо, ҷигар, ғадудҳо, дил ё рагҳоро дорад ё аллержӣ ва ё бемории хун ё масуниятро дорад, дар ин ҳолат, албатта хеле ва хеле бояд эҳтиёт кард ва муайян намуд, ки ба саломативу ҷони бемор бештар воксин хатарзо мешавад ё накарданаш. Дар аксар ҳолатҳо бояд аз воксин худдорӣ кард. Чунин эҳтиёткорӣ дар нисбати беморони гирифтори маризиҳои вазнини мағзи сар ва осеби аутоимуннӣ (вақте, ки масунияти одам баъзе ҳуҷайраҳои худиро бегона мепиндорад ва онҳоро нобуд месозад, ки чунин вазъ дар бемориҳои ревматизм, СНМО (синдроми норасоии масьунияти одам; AIDS; СПИД) ва ғайра мушоҳида мешавад.
Занҳои ҳомила ва тифлони ширхор дошта ҳам бояд фақат дар ҳолатҳои фавқуллода воксин шаванд. Ҳамчунин, истифодаи ҳамагуна воксинҳо, аз ҷумла воксинҳои зидди коронавирусҳо, қатъиян манъ ҳастанд, агар:
- ҳаргуна беморие дар марҳилаи авҷаш бошад ё хуруҷ карда бошад;
- агар инсон тасфи баланд дошта бошад;
- агар аломатҳои зуком вуыуд дошта бошанд;
- агар аз ягон бемории дигар воксин гирифта бошад, бояд то марҳилаи муайян тавақуф кунад;
- агар полиноз дошта бошад. Масалан, баъзеҳо аз явшон (полынь) аллержӣ доранд. Барои онҳо то моҳҳои октябр воксин кардан манъ аст;
- агар доруҳои заифкунандаи масуният аз қабили ҳлюкокортикоидҳо (преднизолон, дексаметазон, метилпреднизолон ва ғайра) дар истифода дошта бошад. Дар ин ҳолат духтур муайян мекунад – агар имкон бошад то чанде истифодаи ҳлюкокортикоидҳо қатъ карда мешавад ва аз воксин истифода мекунанд;
- агар касе шубҳа дошта бошад, ки бо нафарони гирифтори коронавирус наздик шуда буд, беҳтараш, ки аввал аз луобпардаҳои даҳону биннӣ нусхае барои озмоиш супорад ва ё хунро дар нисбати IgM ва IgG таҳқиқ кунад ва агар коронавирус пайдо нашуд, баъд воксин бигирад.
Албатта, ҳолатҳои хусусӣ ҳам ҳастанд, чун ҳар як инсон хусусиятҳои хоси равониву ҷисмонии худро дорад.
ИҶОЗАҲО ВА МАМНУЪИЯТҲО БАЪДИ ЭМ ШУДАН
- Ҳар амал мамнуъият ҳам дорад. Баъди эмкунӣ чӣ мумкин аст ва аз чӣ бояд худдорӣ кард?
- Хуб қайд кардед! Ҳатман маҳдудиятҳое бояд риоя шаванд, агарчӣ онҳо на он қадар мушкил ва зиёд ҳастанд. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳо инҳоянд:
- аз гирифторони Ковид-19 бояд фосилаи кофӣ гирифт;
- аз доруҳои зиддивирусӣ ё пурзӯркунандаи масуният (интерферонҳо) ва ҳлюкокортикоидҳо истифода нашавад;
- аз ҷурғоту йогуртҳову мевагиву сабзавоту кабудиҳову моҳиву ғайра, хулоса аз ғизои солим истифода бурдан хуб аст, ки микрофлораи рӯдаҳоро хуб мекунанд, ки барои фаъолияту низоми масуният хеле муфид аст;
- истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, ҳади аққал то 3 рӯз, қатъиян манъ аст;
- ками дар кам аз 24 то 72 соат бояд аз бору фишори зиёди ҷисмӣ худдорӣ кард. Агарчӣ, роҳ гаштану дар ҷойҳои салқин сайру гашт кардан хеле муфид аст.
- хобу истироҳати хуб доштан ҳам хуб аст, зеро масуният аз бехобӣ ва ранҷу азияти равонӣ заъф меёбад;
- дар рӯзи воксин гирифтан аз ҳамом ва гармии зиёд худдорӣ кардан хуб аст. Ҳатто аз нурҳои офтобӣ бояд эҳтиёт кард;
- чораҳои пешгирикунанда аз қабили фосилагириву ниқоби тиббиву шустани даҳону биниву дасту руву гардану сар бояд куллану ҳатман риоя шавад.
- Дар баъзе аз дастурҳо ваксангирии шахсони мубтало ба аллергияро манъ кардаанд? Ин чӣ зарар дорад? Оё ин асоси илмӣ дорад?
- Бале, асоси илмӣ дорад, вале, дар ҳолатҳои хос. Агар бемор дар ҳолати хуруҷи аллержӣ бошад, чуноне, ки дар боло қайд кардам, воксин кардан манъ аст. Бигирем, ки касе аз себ аллержӣ дорад, барои ӯ монеъа дар воксин кардан нест. Вале, агар касе аз ҳамон явшоне, ки дар боло гуфтам, аллержӣ дошта бошад то моҳҳои октябр беҳтараш воксин накунад, ки ҳоло таҳқиқот нагузаронидаанд ва намедонем, ки чи ҳолате метавонад сар занад. Аммо, дақиқ аст, ки баъди чанд моҳ гузаштан аз гул кардани явшон масуният дар нисбати ин аллержӣ ором мегирад ва воксин кардан, масалан аз моҳи ноябр, ҳеҷ зараре надорад. Ва ё касе аз дарахти чинор аллержӣ дошта бошад, ки дар баҳорон атса мезаду чашмонаш месӯхту ашкфишон буданду ғайра – барои онҳо дар моҳи июл воксин кардан зарар надорад.
Ва ё агар дар ҳамин давраи воксингузаронӣ агар аломатҳои аллержӣ зуҳур крда бошанд, воксин кардан мумкин нест, то муҳлати муаян.
Хулоса, дар ҳар ҳолат бояд алоҳида вазъи инсон мушаххас шавад ва хулосаи инфиродӣ қабул гардад.
БАЪДИ ЭМКУНӢ МЕТАВОН ХОТИРҶАМЪ БУД, КИ ДИГАР СИРОЯТ НАМЕШАВЕМ?
- Кай метавон хулоса кард, ки вирус дигар ба мане, ки воксин гирифтаам, дигар наметавонад зарар расонад? Ё хавф то абад боқӣ мемонад?
- Афсӯс, ки ин уфунии ҳамагири чинӣ то ҷое тағйирпазир ва осебрасон аст, ки ҳоло бо дилпурӣ чизе гуфтан имкон надорад! Бубинед, ки тайи ин ду сол тамоми пажуҳишгоҳҳои дунё шабонарӯзӣ дар талошанду маблағҳои ҳангуфт масраф мешаванд, вале то имрӯз на доруе бар муқобилаш дарёфт шудаасту на воксине, ки дар борааш бо қатъият гуем, ки “ин воксин ҳама гуна короновирусро нобуд месозад”. Воксинҳои имрӯза бар муқобили коронавирусҳои мавҷуда антибодӣ истеҳсол мекунанд, вале фардо кадом навъи наваш пайдо мешавад, немедонем. То пайдо шудани штамми ҳиндияш SARS-CoV-2 кӯдаконро зарар намерасонд. Чаро, ки дар ҳемоҳлобинҳои (гемоглобинҳои) кӯдакон намуди феталӣ (аз лотинии fetus-ҷанин) зиёд аст ва сафедаҳои спайки (шоха ё тоҷӣ) ин вирус ба онҳо часпида наметавонист. Вале, ин навъи ҳиндии коронавирус аллакай чунон мутатсия кардааст, ки ба кӯдакон ҳам хатарзо шудааст.
Пас, то имрӯз беҳтарин чора ҳамонест, ки уламои исломӣ бо такя ба ҳадисҳои Пайғамбар (с.а.с.) дар нисбати фосила гирифтан ва дур будан аз мевзеъҳои олудаи ин уфунӣ, гуфтаанд ва истифода аз ниқобҳои тиббиву таҳорат аст.
- Баъзе касоне, ки як бор гирифтори КОВИД шуданд, мегӯянд шарт нест, ки ваксин гиранд? Шумо чӣ назар доред?
- Дар тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва хулосаҳои илмии олимон омадааст, ки агарчӣ дар бадани онҳое, ки Ковид-19-ро паси сар кардаанд, антибодиҳо бошанд ҳам, бояд воксин бигиранд. Аммо, бояд эҳтиёт кард. Зеро, мақолаҳои илмие ба чоп расидаанд ва аз солҳои пеш ҳам маълум буд, ки агар дар бадан антибодиҳо бошанд, вале ба тариқи фишор аз берун масуниятро боз ҳам пурзӯр карданӣ шавем, сар задани ҳолати “афзоиши уфунии вобаста ба антибодиҳо” (англ. antibody-dependent enhancement of infection, ADE) имкон дорад, ки дар натиҷааш фишори коронавирус ба бадан зиёд мешавад ва хавфи пайдо шудани “туфони ситокинӣ” зиёд мешавад.
Барои ҳамин, тавсия ин аст, ки агар Ковид-19 паси сар шуда бошад, IgG супоред. Агар аз даҳҳо маротиб зиёд бошад, беҳтараш аз воксин худдорӣ кунед ва баъди 3 моҳ боз антибодиҳоро санҷеду хулоса кунед ё бо духтуратон маслиҳат кунед.
ИСТИФОДАИ ДЕКСАМЕТАЗОН ДАР МУОЛИҶАИ БЕМОРОНИ ВАЗЪАШОН САБУК МАРГОВАР АСТ
- Дар мавриди антитела зиёд гуфта шудааст, бахусус дар мавриди антителаҳои зидди КОВИД? Он то куҷо сипар буда метавонад?
-Антибодиҳо ё антителаҳо муҳофизони табииву сунъии бадани инсон ҳастанд. Ҳама медонанд, ки одамони дар деҳа ба воя расида нисбат ба шаҳриён камтар бемор мешаванду зудтар шифо меёбанд Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки аз кӯдакӣ дар даруни “хоку лой” ба воя расидаанд ва бар муқобили даҳҳо бемориҳои антибодиҳо пайдо кардаанд, ба фарқ аз шаҳриён, ки ҳатто пойлуч нагаштаанду бо уфуниҳои зиёде ҳеҷ гоҳ алоқа накардаанд ва бар муқобилашон антибодӣ дарёфт накардаанд.
Вале, ҳолатҳое ҳам мешавад, ки ҳамин антителаҳо бар муқобили ҳуҷайраҳои худи инсон “мешӯранд”. Дар боло дар бораи ревматизм ва СНМО гуфтам. Бемориҳои зиёди дигаре ҳам ҳастанд, ки антибодиҳо бар зидди бадани худи одам фаъолият мекунанд. Ҳамон доруи ҳоло маъруфшудаи Дексаметазон маҳз дар ҳамин ҳолатҳо истифода мешавад – барои заъиф кардани масуният, то антибодиҳо кам истеҳсол шаванду одам “худаш худашро нахӯрад”. Дар нисбати Ковид-19 ҳам, вақте “туфони ситокинӣ” сар мезанад, худи ҳамин антибодиҳо бар муқобили бадани соҳибаш фаъол мешаванд ва барои ҳамин аз Дексаметазон истифода мекунанд. Инро ҳам қайд кунам, ки афсӯсу сад афсӯс, ки баъзе духтурон аз куҷое шунидаанд, ки дексаметазон дар муқобили Ковид-19 муфид аст, ҳатто дар муолиҷаи беморони вазъашон сабук ҳам аз он истифода мекунанд, ки марговар аст. Чаро, ки дар ҳолатҳои сабуку миёна бояд масуният пурзӯр карда шавад то антибодиҳо пайдо шаванду коронавирусро нобуд кунанд. Вале, агарки вазъ вазнин бошаду антибодиҳо зидди бадан фаъол шудаанд, баръакс, бояд масуният пахш карда шавад.
Ва дар инҷо бармегардем ба оғози сӯҳбат, ки гуфта будем “андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст” ва меъёрҳо бояд риоя шаванд.
Устодам, профессор Муҳаммад Бобохоҷаев (Худо раҳматашон кунад!) мегуфтанд:
“Хоҳӣ, ки зи асбоби пурӣ парҳезӣ,
В-аз нанги табибони дағал бигрезӣ.
Ногашта тиҳӣ меъда ба хон наншинӣ,
З-он пеш, ки меъда пур шавад – бархезӣ” (ба хаёлам Ибни Синост).
Дар ҳама ҷабҳаҳои зиндаги аз ҳамин “парҳезӣ” бояд истифода кунем.
Худо нигаҳбон бошаду саломату осуда ба сар баред!
Мусоҳиб Б.Шафеъ