Ин масъала хеле доғ аст. Бо вуҷуди он, ки коронавирус КОВИД-19 то кунун дар саросари олам беш аз 4 миллион нафарро куштааст ва 184 миллиону 970 щазору ҳазору 944 нафарро мубтало кардааст, одамон ба ваксинатсия ба назари шубҳа менигаранд. Дар бахши аввали ин силсиласуҳбатҳои худ мо аз дарсҳои таърихие сухан рондем, ки билохира эмкунии саросарӣ зидди бемориҳои ҳамагир дар қонунҳои кишварҳо сабт шуд ва касоне, ки зидди ин гуна қонунҳо буданд, дар ҳама талошҳои худ ноком монданд.
Дар Тоҷикистон низ ҳол ҳамин аст. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз беш аз 280 ҳазор (омори рӯзи 3-уми июл) нафар худро зидди коронавирус эм карданд. Ахиран Ситоди ҷумҳуривӣ низ эмкуниро ҳатмӣ донист.
Яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳии одамон ба ваксингирӣ таблиғоти нокифояи он, таҳлилҳои илмии ҷиҳатҳои мусбату манфии он мебошад.
Мо дар чанд суҳбат хостем ин холигоҳро пур кунем, то тавониста бошем барои мардум ҷанбаҳои гуногуни эмкуниро фаҳмонем. Барои ин мо манбаъҳои муътамадро аз шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб кардем. Ҳамзамон аз донишмандон, духтурон ва дигар мутахассисони соҳа хоҳиш мекунем, дар ин баҳсҳо бетараф набошанд. Омодаем изҳори назарҳои мутахассисони кишварро низ дарҷ кунем.
ЧАРО БОЯД ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ЭМ КАРД?
Эмкунӣ ва ё обилакӯбӣ як усули боэътимоди ҳифзи худ ва атрофиён аз шаклҳои вазнину сангини Covid-19 мебошад. То ба имрӯз маълум шудааст, ки коронавирус бахусус барои касоне хатарнок аст, ки касалиҳои кӯҳна доранд. Аз ин рӯ донишмадон тавсия медиҳанд, ки қабл аз дигарон бояд ҳатман касоне эм карда шаванд, ки мушкилоте дар солимии шуш ва роҳҳои нафаскашӣ доранд, аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд, гирифтори касалиҳои қанд мебошанд. Аммо боз ҳам тавсия дода мешавад, ки ҳатман пеш аз ваксин задан бо духтурони муолиҷи худ маслиҳату машварат кунанд.
Бо вуҷуди он ки олимон ҳамоно дар мавриди бемор шудан баъди тазриқи ваксин баҳс мекунанд, вале дар умум сари ин нукта иттифоқи назар доранд, ки аз тазриқи ваксин бемор шудан имкон надорад, чун дар ваксин ҳиссаҳои вирусие, ки имкони зоиш дошта бошанд, вуҷуд надорад. Дар ҳар ҳолат онҳо наметавонанд вориди ҳуҷайраҳо шаваанд ва сабабгори он гарданд, ки бемории уфуниро рушду инкишоф диҳанд. Ин донишмандон ба ин назаранд, ки он касоне, ки мегӯянд дар натиҷаи ваксинатсия бемор шуданд, шояд дар раванди эмкунӣ (дар нақлиёт ё ҳангоми навбатпоӣ барои тазриқ) ба вирус сироят шуда бошанд, на бар асари он. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳатто одамони солиме, ки пештар ба Covid-19 сироят ёфтаву муолиҷа шуда буданд, метавонанд сабабгори сирояти дигарон шаванд. Аз ин рӯ, чун ҳамеша як роҳи пешгирӣ аз сироят пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ва нуктаи муҳим: ИН ТАЛОБОТ БОЯД ТО ВА БАЪДИ ВАКСИН ГИРИФТАН ҶИДДАН РИОЯ ШАВАД!!!
ЧАРО БОЯД ТАНҲО КАЛОНСОЛОН ВАКСИН ГИРАНД ВА ЧАРО ОН БАРОИ КӮДАКОН МАНЪ ШУДААСТ?
Посухи басо кутоҳ: зеро то ба имрӯз ягон ваксинаро ба кӯдакон насанҷидаанд ва натиҷаи илмии он маълум нест. Ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 оламиёнро дар ғафлат андохт. Ва чун он басуръат паҳн мешуд ва қурбонии зиёд мегирифт, ҳаёти инсонҳоро ба хатар вомедошт, тавлидкунандагони ваксина низ ба шиддати бештар кор мекарданд ва онро танҳо ба калонсолон месанҷиданд. Аз сӯи дигар, барои санҷишҳо ихтиёриён аз зумраи касоне ҷалб мешуданд, ки масъулият ҳисс мекарданд. Ваксинаҳо ҳадафмандона аз санҷиш мегузаштанд ва олимон наметавонистанд онро дар касоне санҷанд, ки ба ҷиддияти ин санҷишҳо эътимод надоштанд.
Аз сӯи дигар роҳи як даҳсолаи тавлиди ваксина дар беҳтарину муҷаҳҳазтарин озмоишгоҳҳо дар муддати на камтар аз як сол тай шуд. Дар ҳоле, ки барои тавлиди ваксинаҳои пешин солҳо лозим омад олимон талош кунанд.
Аз он ки бачаҳо маъмулан камтар ба ин беморӣ сироят мешуданд ва онро ба хубиву бе вазнинӣ пушти сар мекарданд, донишмандони дар санҷишҳои клиникӣ онҳоро дохил накарданд.
Худи эмкунӣ ҳам марҳилаҳои худро тай кард. Хатарҳои эҳтимолие мавҷуд буд, ки бояд санҷида мешуданд. Дар оғоз солмандони болотар аз 60 ва 65-соларо эм накарданд ва дар гурӯҳи аввали санҷишҳои клиникӣ афроди ин синну сол шомил набуданд. Барои афроди калонсол маъмулан Covid-19 дар шакли вазнин мегузарад ва донишмандон ҳам дар оғоз ба хотири эҳтиёт аз ҷалби онҳо худдорӣ карданд. Аммо ҳоло ваксинаҳои асосӣ ба истиснои AstraZeneca (дар баъзе кишварҳо) барои кулли солмандон низ иҷозати истифода дода шудааст.
Нуктаи дигар ин аст, ки ҳоло ваксинҳои зидди коронавирус ба ноболиғон низ санҷида мешаванд. Сарвари ширкати дорусозии Pfizer, ки вакисинаи он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳанӯз 31-уми декабри соли 2020 қабул шуда буд, паём додааст, ки аввалин ваксина барои наврасони аз 12 то 16-сола тирамоҳи имсол ба қайд гирифта хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ИМА аллакай эмкунии наврасонро оғоз кардаанд.
Бино ба иттилои дигари расонаҳо ваксина барои бачаҳои синнашон хурдтар аз 12-сола бояд то охири сол тавлид ва ба қайд гирифта шавад.
ЭМКУНИИ КАЛОНСОЛОН ТО КУҶО БЕХАТАР ВА МУФИД АСТ?
ПОСУХ: Марҳилаи сеюм ва ҳалкунандаи санҷишҳои клиникии ягон ваксина ҳатто барои калонсолон ба анҷом нарасидааст. Ва ҳамаи эълонҳо дар мавриди самаранокии ин ё он ваксина натиҷаи озмоишҳои аввалияанд.
Аз сӯи дигар, исботи боэътимоди бехатарии ин ё он ваксина ҳам вуҷуд надорад. Бо вуҷуди он ки аввалин дозаи ваксинаро дар саросари кишварҳои олам қариб 1 миллиард одамон гирифтаанд (аз ин миқдор қариб 500 миллион нафар худро пурра эм кардаанд) донишмандон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳеч як аз ин вакиснаҳои ба ҳаёти одамон хатар таҳдид намекунанд.
Инҳо ваксинаҳои Covishield (AstraZeneka), Janssen (Johnson&Johnson), Moderna, Comirnaty (Pfizer/BioNTech), ду ваксинаи чинии BBIBP-CorV ва CoronaVac ва ваксинаи русии "Спутник V". Дар айни замон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шаш ваксинаи аввалро расман тасдиқ кардааст ва ваксинаи русии “Спутник" аз санҷишҳои иловагӣ мегузарад.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин донишмандон таҳдидҳои хатар ба ҷони одамон, ҳатто марг баъди қабули ин ё он намуди ваксинаро бар асари лахишавии хун, истисно намекунанд. Аммо ин гуна ҳодиса хеле кам иттифоқ меуфтанд ва бартарии кулли ваксинаҳои тайидшуда аз хатарҳои эҳтимолии онҳо ба мартиб зиёданд.
КАДОМ ВАКСИНРО МЕТАВОН ИНТИХОБ КАРД? ШОЯД БОЗ МУДДАТЕ ИНТИЗОР БУД?
Интизорӣ ҳамеша ба зарар аст, дар ҳоле, ки навъу гунаҳои нави ин вирус кашф мешаванд. Ва боз навъҳое, ки кушандатару ҳамагиртар аз пешинаҳост. Коршиносону донишмандони кишварҳои гуногун бо як овоз тавсия медиҳанд, ки беҳтарин вакисна ҳамонест, ки дар кишвар дастрас аст ва он расман эътироф шудаву барои истифода тавсияву тасдиқ шудааст. Яъне, дар шароити Тоҷикистон ҳамон вакиснаҳое, ки Вазорати тандурустии кишвар тасдиқ ва тавсия кардааст, барои истифода муносибанд. Набояд таъхир кард ва набояд ба андешаҳои мухталиф дода шуд. То кунун дар Тоҷикистон ҳолати аз ваксин вазнин шудани ҳолати ин ё он бемор ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаддиақал Вазорати тандурустӣ дар мавриди чунин ҳодисаҳо расман иттилоъ надодааст. Навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҷрибаи худ ҳастанд, ки ҳамагӣ мусбатанд ва дар бахшҳои баъдӣ аз онҳо низ истифода хоҳем кард.
Танҳо як қоидаи умумии истисноӣ вуҷуд дорад, ки он ба муқовимати организми шумо ба ваксинаи мушаххас вобастагӣ дорад. Дар ин гуна ҳолатҳо дар ҳақиқат лозим меояд шумо ваксинаи дигарро интихоб кунед. Ин муқовимати баданиро духтури муолиҷи шумо метавонад муайян кунад. Зеро баъзе ваксинаҳо ҳолатҳои истисноии истифода барои бемориҳои мушаххас доранд. Ва агар ваксинаи барои шумо лозим ҳоло дастрас набошад, пас лозим меояд мунтазир буд, то ба даст ояд.
Аммо нуктае, ки коршиносони соҳа доим ва ҳамеша ба он таъкид мекунанд, он аст, ки ба худташхисдиҳӣ дода нашавед, беҳтар аст бо духтури муолиҷи худ, ки беҳтар аз дигарон шуморо медонаду мешиносад, машварат кунед.
Он чизе, ки ба мутатсияҳои нави вирус дахл дорад, он аст, ки то ҳамин лаҳзаҳо донишмандон ва тавлидкунандагони ваксинаҳо аз муассиру қобили таъсир будани ваксинаҳо ба муқобили ҳама гунаҳои коронавирус хабар додаанд. Яъне, гумону шубҳаҳо дар мавриди камтаъсир ё бетаъсир будани ким-кадом навъи вакисна ба ин ё он мутатсияи вирус асос надоранд. Ҳаддиақал то ҳамин лаҳзаҳое, ки ин сатрҳоро мехонед.
МАТЛАБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА: