Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба кори худ оғоз намуд.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои роҳбарии вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулода аз Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Дар марҳилаи аввали ҷаласа ҳайатҳои кишварҳо бо мақсади шиносоӣ аз таърихи бою ғании тоҷикон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз фарҳанги гузаштаи ниёгонамон бархӯрдор шуданд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун дастоварди муҳиму фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар дар кори пуршарафи гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддию маънавӣ хизмат мекунад.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуд буда, экспозитсияи он дар асоси нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионӣ, ки дар илми осорхонашиносии муосир камназир мебошад, сохта шудааст.