Ду сол инҷониб олам дар гирдоби як кашмокаше ба сар мебарад, ки бар асари сироят ба коронавирус КОВИД-19 рух додааст. Аз оғози ин ҳамагирӣ донишмандони олам ба натиҷа расида буданд, ки танҳо роҳи наҷоти башар тавлиди ваксинҳо зидди ин бемории ҳамагир аст. Дар аввалҳои пандемия шеваи муолиҷа ва ихтирои доруҳои вижа мавриди баҳсу баррасӣ буд. Вале баъдан маълум шуд, ки ин вирус назар ба вирусҳои пешин дар ҳар шароит шакл дигар мекунад ва аз оғоз то ба ин ҷониб гунаҳои зиёди он кашф шуд, ки охирин навъи хатарноки он гунаи ҳиндӣ мебошад, ки бо номи илмии Делта шинохта шудааст.
Аммо чун доруи ягона ва шеваи пазируфтаи муолиҷаи коронавиру КОВИД-19 пайдо нашуд, донишмандон барои тавлиди ваксинҳои муқовиматкунанда андешиданд ва то ба имрӯз чандин навъи ин ваксинаҳо дар кишварҳои гуногун арзи вуҷуд кард ва аз миён теъдоди хурди онҳо шуҳрати ҷаҳонӣ касб карданд.
Аммо роҳи расидан ба тавлиди ҳар гуна ваксина осону ҳамвор набудааст. Ва ин таърихи худро дорад. Мо бахш ба бахш талош хоҳем кард аз ин таърих ёдовар шавем.
МУРУРЕ БА ТАЪРИХ Ё ДАРСҲО АЗ ГУЗАШТА
ВАКСИНАНТСИЯ (фаронсавии Vaccination) – эминсозӣ, тазриқе, ки бо истифода аз ваксин сурат мегирад, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз эҷоди уфунат ё коҳиши иллатҳо ва ранҷу касолати бемориҳо мебошад. Эмкунӣ, эм кардан, ваксин задан, ваксин гирифтан. Моязанӣ, ваксанкӯбӣ (форсӣ). Пешгирӣ аз сирояти сартосарӣ ва марги инсонҳо.
Таърихи ваксинатсия ба ду асри пеш бармегардад ва аввалин фармони ваксанзании саротосарӣ барои сокинони иёлоти Массачусетси ИМА соли 1809 содир шудааст. Тибқи он бошандагони ин иёлот ҳатман зидди касалии обила худро эм мекарданд. Ва ин таҷриба кор дод, дар муддати кутоҳ авҷи сироят ба ин бемории хатарзо боздошта шуд. Баъди ин иёлотҳои ҳамсоя низ аз ин иқдом пайравӣ карданд.
Ҳатто он замон ҳам, ки ин беморӣ ҷони ҳазорон нафарро қабз карда буд, иддае аз сокинон ба фармони эмкунии сартосарӣ эътироз карда буданд, дар натиҷа дар ҳафт иёлоти ИМА эмкунии маҷбуриро лағв карданд, то сафи норозиён афзоиш наёбад.
Арзу шикояти омма дар зинаҳои гуногуни додгоҳ барарсӣ шуд ва танҳо соли 1905 билохира Суди олии ИМА қарори охирини худро дар ин маврид содир намуд ва фармони ваксинаи иҷбориро дуруст, қонунӣ ва аз рӯи адолат эълон намуд.
Аз сӯи дигар илм ҳам исбот кардааст, ки ваксинатсияи умумӣ як роҳи хеле муносиби мубориза бо ҳар уфунат аст.
Бино ба омори Public Health England (хадамоти беҳдоштии Англия) аз соли 1968, ки бачаҳои инглисро зидди касалии нағзак эм карданд, дар ин кишвар аз беш аз 20 миллион ҳодисаи гирифторӣ ба ин беморӣ пешгирӣ шуд ва ҳаддиақал 4500 нафар аз марг наҷот дода шуданд.
Аммо бо вуҷуди боварии духтурону кашфиётҳои ахири илмӣ дар ин замина ҳамоно ваксанзании умумӣ ва иҷборӣ номумкин аст, зеро ин зидди ахлоқи табибист, ки дар муолиҷаи ҳамаи бемориҳо аввал иҷозаи худи бемор гирифта мешавад.
Ин ҷо нуктаи дигарро ҳам набояд фаромӯш кард. Иммунитети ҷамъӣ аз бисёрии сафи эмшудагон ҳосил мешавад, аз ин рӯ дар баъзе кишварҳо ваксинзании иҷбориро ба роҳ мемонанд, яъне дар ин маврид онҳо гоҳ аз тозиёна истифода мекунанд ва гоҳи дигар аз ваъдаи кулчақанд. Тозиёна дар ин маврид ҳамон маҳдуд кардани баъзе ҳуқуқҳо барои касонест, ки зидди эмкунии иҷборӣ садо баланд мекунанд ва кулчақанд ҳамон аст, ки ба васанзадагон баъзе имтиёзҳо медиҳанд, аз қабили илова ба маош ва дигар мукофотҳо.
ҶИДДИЯТИ ҚОНУНҲО ВА ИҶРОИ ОНҲО
Бино ба оморҳои расмӣ эмкунии ҳатмӣ ҳаддиақал барои як беморӣ дар қонунгузории бештар аз 100 кишвари олам сабт шудааст. Дар 62 давлат аз ин 100 кишвар қонун барои риоя накардани ин муқаррарот чораҳо меандешад, аз ҷумла манъи таҳсили бачаҳо ва дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Чех ва ё Италия ҷаримаҳо низ муқаррар карда шудаанд.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин дар кишварҳои сарватманди Ғарб касоне, ки зидди эмкунӣ мебошанд, ба шумор хеле зиёданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, чун аксари аҳолӣ зидди ин ё он беморӣ эм карда мешаванд, сатҳи сироят дар ин мамолик ба ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфтааст.
Чанде пештар гурӯҳе аз волидон дар Ҷумҳурии Чех талош карданд аз роҳи муроҷиат ба додгоҳ эмкунии иҷбориро ғайриқонунӣ ва нақзи озодиҳои шаҳрвандӣ эълон кунанд. Вале чун беш аз як аср пештар дар ИМА талоши онҳо низ ноком шуд, додгоҳ ба ҷонибдорӣ аз амнияту сиҳатии омма қарор содир кард.
Дар ИМА эмкунии ҳатмӣ яке аз шартҳои аслии қабули тифлони аз панҷсола боло ба таҳсил аст ва ин қонун барои ҳамаи 50 иёлоти ин кишвар ҳатмӣ шудааст. Аммо коҳиши сафи ин беморон ба ҳадде оммаро шавқманд кард, ки иёлотҳо яке паси дигар ҳатмӣ будани ваксинзаниро пазируфтанд. Ҷолиб он аст, ки соли 1963 ҳамагӣ 20 иёлот аз қабули ин қонуну ин низом пайравӣ карда буд, аммо баъди соли 1980 эмкунӣ кулли қаламрави ИМА-ро фаро гирифт.
Австралия аз хеле солҳо ба инҷониб барои кӯдаконе, ки зидди бемориҳои гузаранда эм карда нашудаанд, кумакпулӣ намедиҳад.
Бо истифода аз маводҳои ИНТЕРНЕТ таҳия шуд.