Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсатдар мавриди риояи қоидаҳои обббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Аз тарафи гурўҳи таблиғотии Раёсат дар мавзеъҳое, ки бештари аҳолӣ ҷамъ мешаванд, аз ҷумла: обутобгоҳҳои Сайёд, Бахористон, Шифо ва маркази таълимии бонки миллии ЧТ дар шахри Гулистон, ки бештари аҳолӣ дар мавзеҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд,мавзеҳои хавфноки барои шиноварӣ манъкарда шуда рафта ва бо сокинону истироҳаткунандагон сӯҳбатҳо гузарониданд.
Дар рафти аксияи таблиғотӣ вобаста ба риояи қоидаҳои шиноварӣ, шино кардан дар мавзеъҳое, ки амнияту бехатарии шинокунандагон кафолат дода шудааст, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронаврус, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани кудакон, фарзандони ноболиғ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуда, китобчаҳо, аёниятҳои таблиғотӣ оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ дар об ва расонидани кӯмаки аввалия ба ғарқшуда, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемориии сироятии Коронавирус тақсим карда шуд.
Ҳамин гуна корҳои таблиғотиро Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ мекунад.
Бино ба гузориши ҳамкорамон Озод Фахриддинзода ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ тақрибан соати 14:57 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат мушоҳида намуданд, ки шаҳрванде ҳангоми оббозӣ (убур аз Кӯли Ҷавонон) қоидаҳои шиновариро риоя накард ва дар ҳоли ғарқ шудан қарор гирифт.
Дарҳол дастаи наҷот ва ғаввосони Раёсат дастбакор шуда, ин шаҳрвандро, ки ҳамагӣ 18 сол дошт ва сокини маҳаллаи Заргари шаҳри Ваҳдат будааст, аз ғарқшавӣ наҷот дода, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расониданд.
Ш.Бутаева
О.Фахриддинзода