Ду заминларзаи нимишабӣ дар фосилаи 15 дақиқа. Талафоти ҷонӣ нест

14-уми июли соли равон соати 01:56 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 196 километр шимолу шарқи Душанбе,  14 километр шарқи ноҳияи Рашт буд. Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 баллдар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод.

Ба дунболи ин тахминан соати 02:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ замин дубора такон хӯрд. Ин бор маркази заминларза 267 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қуваи он дар маркази заминларза 3-4 балл, дар ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Дар ҳарду заминларза талофоти ҷониву харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.  

МАТОЛИБИ ДИГАР:

барчасп: