Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон замин шадидан такон хӯрд ва боиси харобиҳои зиёд дар маркази он 21-километрии шарқи ноҳияи Рашт ба бор овард. Панҷ нафар, ки 4 тани онҳо бачаҳои аз 6 то 12-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Дар айни замон Комиссияи махсус, ки бо дастури Пешвои миллат таҳти сарварии Сарвазири кишвар таъсис гардид, ба фаъолият оғоз кардаву ҳаҷми хисорооти воридшударо меомӯзад.
Заминларзаи субҳи имрӯз такрори як таърихи фоҷеабор дар ҳамин минтақа аст. Субҳи 10-уми июли соли 1942 низ дар Ҳоит замин ларзидаву ҳазорон нафарро зери хок кардаву деҳоти зиёдро ба хок яксон карда буд. Шояд ду сол пеш буд, ки нависандаи ин сатрҳо дар остонаи солгарди зилзилаи Ҳоит матлабе омода карда буд ва ҳоло хостем онро ба такрор ин ҷо гузорем. Ёди қурбониён гиромӣ бод!
ЗИЛЗИЛА ШУД ДАР ҲОИТ....
Ин шояд як мисраъ аз шеъри мардумӣ буд, ки замоне шунида будам ё хонда. Ва мисраҳои баъдии онро ёд надорам. Танҳо чизе дар хотирам аз зилзилаи Ҳоит нақш бастааст, он аст, ки миёнаҳо солҳои 80 бо талоши зумрае аз зиёиёни бедор аз фоҷеаи мудҳиш ёд шуд. Пештар касе аз он ёд намекард, ба ҷуз хонаводаҳои қурбониён, ки онҳо низ паҳну парешон дар ҳар гӯшаи хоки Тоҷикистон буданд...
Ёд дорам Ҳасан Маноновро. Худованд биёмурзад. Директори корхонаи пунбатозакунии Турсунзода буд ва борҳо чун рӯзноманигор саодати ҳамсуҳбатӣ бо ишон доштам. Худро кӯдакони ятиммондаи зилзилаи Ҳоит меномид ва аксари касоне, ки дар ин корхона он шабу рӯз кор мекарданд, ҳамдиёрони ӯ буданд ва тақрибан ҳамаашон дар ин зилзила пайвандону азизонашонро аз даст дода. Худи Ҳасан Манонов бо ҷамъе аз бачаҳои ҳамсолаш саҳро рафта буд ва дар бозгашт хонаву кошонаи падариро валангор дид. Аз нақлаш танҳо ҳамин нукта ёдам мондааст, боқиро фаромӯш кардам.
Миёнаҳои солҳои 80-и асри гузашта талошҳое барои ёдоварӣ аз қурбониён шуда буд. Мақолаҳое ҳам нашр шуданд, ҳамоишҳои хурду реза ҳам барпо шуданд. Вале боз ҳам ин рӯйдоди фоҷеабор наомӯхта монд. Ҳоло аз он рӯйдод 72 сол сипарӣ шуд. Субҳи имрӯз дар ҳамон атроф замин такон хӯрд ва хонаҳоро валангор кард, 5 нафарро ба ҳалокат расонд, ки 4 тани онҳо бачаҳои аз 6 то 12-сола буданд. Худо рафтагонро биёмурзад.
БАҲСИ ФЕЙСБУКИИ ФОҶЕАИ 72 СОЛИ ПЕШ
Ба ҳамин ният рӯзе қабл шояд ду ё се сол пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштам: “Дӯстон! Ба назарам рӯзи 10-уми июл солгарди зилзилаи Ҳоит аст. 10-уми июли соли 1949, заминларзаи шадид, ки 9 балл буд, ин қитъа аз хоки Тоҷикистон такон дод. Даҳсолаҳо зарари расидаву харобиҳои он сирран махфӣ буд. Имрӯз ҳам гумон намеравад ҳама ҷузъиёти ин фоҷеа рушан бошад. Касе хотирае дорад?”
Ва бо ҳамин савол дӯстони фейсбукии худро ба баҳс кашидам. Ҳоло посухҳо зиёд нестанд, вале чун имрӯз солгарди он фоҷеаи мудҳиш аст, бахше аз нигоштаҳо ва хотирапораҳоро ин ҷо меорам. Гумон мекунам ин баҳс доманаддор хоҳад буд ва ҳар ҷумлаву ибораи ин баҳс ҳоизи аҳамият аст.
СУБҲИ ФОҶЕАБОР
Замин дар Ҳоит субҳи бармаҳали тобистон такон хӯрд. Нависанда ва рӯзноманигори шинохта Султони Ҳамад (ҳоло марҳум) навишт: 68 сол муқаддам, 10 –уми июли соли 1949 соати 9-у 54 дақиқа бо вақти Душанбе мардуми шаҳрчаи Ҳоит дар шарқи куҳистони Тоҷикистон садои мудҳишеро шуниданд. Айнан дар ҳамин лаҳзаҳо як бахши куҳи Чуқурак, ки дар шарқи дараи Ҳавз ҷойгир аст, канда шуда ба поёни дара сарозер мешавад. Ин бахши азими куҳ, ки ба ҳисоби олимони фанни геология тақрибан 200 миллион мукааб хоку сангу шағалро ташкил медод, дар масири худ ба болои се кул, ки бузургтаринаш 350 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошт ва дарёи дараи Ҳавз аз он маҷро мегирифт, ҳаракат мекунад. Дар натиҷа дар оғози худ ин ярчи азим селеро ба вуҷуд меорад, ки он тақрибан 60-70 метр баландӣ дошт. Ҳамин сели даҳшатнок маркази шаҳрчаи Ҳоит, 20 деҳа дар дараи Ясман ва 12 деҳа дар дараи Оби Кабудро бо тамоми инсонҳову мавҷудоти дигари зиндааш мепӯшонад. Ба ҳисобҳои гуногун аз 15 то 30 ҳазор инсон зинда ба зинда дар таги хок монданд.
Ду моҳ қабл, яъне моҳи майи соли 2017, банда бо як гуруҳи дӯстонам аз Ҳоит дидан кардем. Бобои Муҳаммадхуҷа, ки дар вақти заминларзаи Ҳоит 12 сол доштааст, ба мо бо нишон додани мавзеъҳои мушаххас, аз он рӯзҳои мусибатбор қиссаҳои ҷолибе кард. Тибқи гуфтаҳои бобои Муҳаммадхӯҷа мо аз он ҷойҳо аксбардорӣ кардем, бархе аз онҳоро бо шарҳу эзоҳамон ба Шумо, дӯстони азиз, пешкаш мекунем”.
ГАҲВОРАЕ, КИ РӮЙИ ОБИ СУРХОБ МЕРАФТ...
Salim Aioubzod: Падари раҳматиям мегуфтанд, ки мавҷи сахти ин заминҷунбӣ Масчоро низ такони ваҳшатовар дода, шуморе аз хонаҳо фурӯ рехта буд. Шунида будам, ки рӯзҳое пас аз зилзила дар рӯди Сурхоб гоҳворае дидаанд...
Ахмадчон Фаридунов: Бори аввал аз ин заминларзаи Ҳоит мешунавам. Ҳоит ин дар Бадахшон-мӣ?
Бобочон Шафеъ: Ҳоит дар Қаротегин. Ин мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистони асри ХХ буд.
Sharifhoni Tagoimurod: Дар шабакаи “Одноклассники” зери як навор 2 зани русзабон, аммо шояд тоҷик баҳс доштанд, ки падари якеаш аз ҳамун деҳа будааст.
ЭЛЛА БАЧАНАЕВА (МАРКОВА):
МОЯ СВЕКРОВЬ ЖИЛА В ГОРОДЕ ХАИТ, ОНА РАБОТАЛА ТАМ УЧИТЕЛЕМ. ПО ЕЕ РАССКАЗАМ, ТРЯСЛО 2 ДНЯ И ИХ, УЧИТЕЛЕЙ С ДЕТЬМИ ИЗ ИХ ШКОЛЫ ЭВАКУИРОВАЛИ НА САМОЛЕТАХ. ОНА ДОЛЖНА БЫЛА ВЕРНУТЬСЯ, НО ОНА НЕ ПОЛЕТЕЛА БОЛЬШЕ ТУДА. РАССКАЗЫВАЛА, ЧТО БЫЛО ОЧЕНЬ СТРАШНО, СОБАКИ ВСЕ ВЫЛИ, КОРОВЫ ВСЕ ВОПИЛИ, А ЗЕМЛЯ ПОСТОЯННО ДРОЖАЛА. ГОВОРИЛИ, ЧТО ДВЕ ГОРЫ СОШЛИСЬ. ПАМЯТНИК ПОГИБШИМ ТАМ БЫЛ.
ЗАМИН ҚАРИБ ЯК МОҲ МЕҶУНБИД...
Мустаони Ваҳҳоб: Холо ки ин суолро хондам падарам ҳамроҳам нашастаанд. Аз падарам ин суолро пурсидам, аммо таърихашро нагуфтам. Инак, падарам нақл дорад ва ман менависам: Рӯзи 10- уми июл буд. Ман дар ҳамон ҳангом 22 - сола будам. Дар ҳамин куҳи Ялмӣ каҳ медаравидем. Соатҳои 10- и саҳарӣ буд. Ногаҳ садои ғуррасти сахте ба гӯши мо расид ва хоку гарди зиёде ба осмон бархост. Ва куҳи зери пои мо низ сахт ларзид ва ҳатто чанде ҷойҳояш кафид. Аммо аз сӯи Ҳоит хоку чанги зийод ба осмон бархост. Ва ҳама титу парешон шудем. Чанд лаҳза пас фаҳмидем, ки дар Ҳоит ҳама валангор шудааст. Ҳамон рӯз то бегоҳ замин ҷунбид. Лекин ду рӯз пеш замин ҷунбида буди иқадар сахт не”.
Ман пурсидам ки дар деҳаи мо ҳам хонаҳо зарар диданд?
“Бале! Қариб ҳама хонаҳо дашт шуд, ягон иморат рост намонд, ҳама ба хок яксон шуд......”
Бобочон Шафеъ; Худованд умри падари шуморо дароз кунад. Хеле шарҳи дақиқ додаанд. Аммо нагуфтанд, ки ин ғаррасти сахт ба садои чӣ монанд буд? Маъмулан гулдуроси афтидани хонаҳо метавонад бошад. Вале шояд садое дигаргуна буда?
Розия Шарофиён: Тибқи шунидаам ... ин заминларзаи табиӣ набуд...мисли чандин ҳаводиси дигаре, ки дар Тоҷикистон рух дода... дар тӯли асри 20
Бобочон Шафеъ: Гумон намеравад рӯйдоде ба ин ҳад фоҷеабарангез табиӣ набошад. Мо ҳам шунидаем, аммо инҳо шояд ҳадсу гумонанд. Ба таври сунъӣ метавон як русто ё шаҳрро валангор кард, вале тибқи гуфтаи шоҳидон он рӯз таъсири он дар ҳама водии Қаротегин мушоҳида шуда буд. Вале шояд замоне парда аз рӯйи он фоҷеа бардошта шавад, шояд дар бойгониҳо чизе ҳаст...
Розия Шарофиён: Оре, сирре нест, ки ошкор нашавад...
**** **** ****
Се рӯз баъди заминларза
Махди Собир: Бобоҷони азиз, ин зилзила дар тамоми водии Рашт ба амал омада буд. Дар Рашт деҳае нест, ки аз ин зилзила зарар надида бошад. Дараи Камароб, ки беш аз 120 қишлоқ дошт ҳама зери хок монданд. Аҳолии зиндамондаи ин дараи зебоманзарро ба водии Вахш кӯчонданд. Аммо таърих дар ин бора сукут кардааст. Зеро ҳудуди хисорот дар Ҳоит калон буд. Маркази ноҳия бо 29 ҳазор аҳолӣ дар 2 дақиқа зери куҳи калон монданд. Дар Камароб куҳҳо болои деҳаҳо фуру рехтанд, хисороти ҷонӣ камтар буд. Аз ин рӯ дар ин бора касе чизе намегӯяд. Танҳо шоҳидон нақл мекунанд, ки он солҳо ҳамаи деҳаҳои дараи Камароб вайрон шуданду мардумро кӯчонданд ва бо ҳамин дигар ин деҳаҳо то имрҳз обод нашуданд. Ва ин мавзеъи зебо ва дилкаш ба мамнуъгоҳ-боғи миллӣ ва макони дарандагони ваҳшӣ табдил ёфт...
Муҷассамаи Модари Ҳоит
Ин буд мухтасаи он чизе, ки то ин соат расид. Агар дар оянда хотироти дигар навишта шавад, сари ин мавзуъ бармегардем.
Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода шуданд.
Бобоҷони Шафеъ