Ҳамчуноне хабар дода будем, субҳи рӯзи гузашта, 10-уми июн дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумотҳои пешакӣ, ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда ироа шуд, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Тоҷикобод 29 хонаи шаҳрвандон вайрон шудааст. Аз инҳо 7-хона пурра, 10 хона қисман зарар дидаанд. Ба 12 манзили зисти сокинон зарари сабук расидааст.
Дирӯз ҳам хабар дода шуда буд, ки бар асари ин заминларза 5 нафар ба ҳалокат расиданд, 16 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шудаанд.
Комиссияи ёдшудаи ҳоалтҳои фавқулода исми фавтидагонро ба ин тартиб муайян намуд:
- Мирзошоев Фирдавс соли таваллудаш 2007,
- Куканов Аёзиддин соли таваллудаш 2014,
- Маҳмадулоева Турон соли таваллудаш 1951,
- Булулова Роҳбия соли таваллудаш 2017,
- Боймуродов Қадриддин соли таваллудаш 2015.
Ҳамчуноне дида мешавад, танҳо як нафари ин фатидагон 70 сол доштааст, боқӣ наврасону кӯдакон буданд, ки аз 4 то 14 сол умр доштанд.
Ёди шаҳидони ин заминларза гиромӣ бод!
Ҳамчунин тибқи маълумотҳои пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт дар заминларзаи рӯзи гузашта дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак, деҳаҳои Ярха-38 хона, Моҳи Хоса-5 хона, Ҳазорчашма-15 хона, Қалъа-15 хона, Ҷалобод-3 хона, Шамар-1 хона, Уштурпас-7 хона, Ярхаби Чуқурак-6 хона, Ҳиҷбора 1 хона қисман ва пурра зарар дидаанд. Бино ба иттилои Комисся дар маҷмӯъ дар мавзеъҳои ёдшуда 92 хона, аз ҷумла, 14 хона пурра, 11 хона қисман, 67 хона зарари сабук дидаанд.
Дар ҷамоати деҳоти Аскалон деҳаҳои Додбахт ба 5 хона, Сари Шухон ба 19 хона ва 1 мактаб, Шархо ба 4 хона, Кул ба 12 хона, Камолиён ба 5 хона, Зиҳбед ба 7 хона, Туғак ба 1 хона қисман зарар расидааст. Дар ин ҷамоати деҳот дар умум ба 53 хона зарар расидааст. Аз инҳо 4 хона қисман вайрон шуда, ба 49 хона ва як мактаби миёна зарари сабук расидааст.
Дар деҳаи дараи Ҳайрони ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор низ дар ин заминларза 2 хонаи истиқоматии сокинон (яке пурра ва дуюмӣ қисман) зарар дидааст.
Дар айни замон дар ҷои ҳодиса комиссияи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунад ва ба муҷарради дастрас шудани омори дақиқ ва ҳаҷми умумии зарари расида, маълумоти иловагӣ ироа хоҳем кард.
Аксҳо аз Суҳроби Ваҳҳобниё.