ЗАМИНЛАРЗА. Рихтер ва ҷадвали Рихтер

Дар ҳар заминларза, ки дар гӯшаву канори олам рух медиҳад, ҳангоми муайян кардани қувваи он исми Рихтер ва Ҷадвали Рихтер ба забон меояд. Шояд бисёриҳо маълумоти кофӣ дар бораи ӯ ва Ҷадвали ӯ надошта бошанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем дар ин бора матлабе омода кунем. Ба ҳар ҳол аз надонистан донистан хуб аст. Ё не?

Чарлз Фрэнсис Рихтер (англ. Charles Francis Richter) – сейсмологи амрикоӣ, ки солҳои 1900 – 1985 зистааст. Вай соли 1935 ҷадвали андозагирии заминларзаро пешниҳод кард ва солҳои 1941-1945 ин ҷадвалро аз нигоҳи назариявӣ ҳамроҳ бо сейсмологи ҳамватанаш Бено Гутенберг (1889 – 1960) асоснок намуд. Баъдан ин ҷадвал дар саросари олам эътироф шуд ва имрӯз ҳам ҳар ҷое заминларза ба қайд гирифта мешавад, маҳз аз ҳамин ҷадвал ёд мекунанд, дар ҳоле, ки ҷадвалу воситаҳои дигари муайян кардани қувваи зилзила вуҷуд дорад.  

Рихтер дар хонаводаи кишоварз таваллуд шуда, баъди хатми Донигоҳи Стэнфорд хеле ҷавон буд, ки рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Барандаи ҷоизаи Нобел лар илм Роберт Милликен Рихтер (физикдони маъруфи аҳли Амрико, ки солҳои 1867 – 1953 зистааст)-ро дар озмоишгоҳи сейсмологӣ ба кор даъват кард ва Чарлз аз он замон ба омӯзиши ин соҳаи илм оғоз намуд. Дар он замон бисёр мафҳумҳо дар мактабҳои гуногуни илмӣ на танҳо бо ҳам зид буданд, балки аксар вақт якдигарро инкор мекарданд. Дар як муддати кутоҳ вай ба забони хеле одиву фаҳмо ду китоби дарсӣ дар ин мавзӯъ навишт ва ин ду китоб ҳатто имрӯз, дар асри 21 низ маҳбубияти худро аз даст надодаанд ва то кунун дар донишгоҳҳо омӯхта мешаванд.

Ҷадвалҳои онзамонаи муайян кардани қувваи заминларза, бахусус ҷадвали геолог ва роҳиби итолёвӣ Ҷузеппа Меркали, ки соли 1902 пешниҳод шуда буд,  диққати Чарлзро бештар ба худ кашиданд. Дар ҷадвали Меркали асосҳои илмӣ камтар ба назар мерасиданд, балки таваҷҷуҳи бештар ба воҳимаи мардум карда мешуд ва маҳз аз ҳамин қувваи зилзиларо эълон менамуданд. Яъне, агар одамон тавонистанд аз хонаҳои харобшуда фирор кунанд ва ҷон ба саломат баранд, пас қувваи ин заминларза камтар ва агар зери хок монданд ё маҷруҳу захмӣ шуданд, бештар арзёбӣ мешуд.

 Он замон мудири озмоишгоҳи сейсмикӣ Бено Гутентегри олмонӣ буд ва онҳо ҷиддан тасмим гирифтанд муштарак ин мавзӯро ҷиддан омӯзанд. Онҳо якҷоя ҳар як хабари заминҷунбиро бо ҷидду ҷаҳд омӯхтанд ва кӯшиш карданд, ки ҳам шакли ин офатҳои табииро муайян кунанд ва ҳам имконоти ба онҳо таъсир расониданро нишон диҳанд ва қувваи онҳоро суст кунанд. Талошҳо зина ба зина натиҷа доданд ва билохира ба Рихтер муяссар шуд ҷадвали дақиқеро созад, ки баъдан номи ӯро чун олими дақиқкору ихтирогар дар таърихи илм барои абад сабт намуд. 

Аммо тартиб додани ҷадвал ба номи ӯ танҳо як ҷузъи он чизе аст, ки Рихтер кардааст. Дар тӯли тамоми ҳаёти худ ӯ барои пурзӯр кардани меъёрҳои сохтмонӣ, барои бераҳмона нест кардани изофаҳои гуногуни меъмории нолозим аз лоиҳаҳо, ба монанди дар қолаби болоии биноҳо ҷойгир кардани қолибҳои стукавии бисёртоннагӣ устуворона мубориза мебурд. Албатта, ӯ на ҳамеша меъморонро бовар кунонда метавонист, аммо истодагарии ӯ дар наҷот додани даҳҳо нафар ҳангоми зилзила кумак кард.

Дар зиндагӣ Рихтер як инсони заминиву хаёлпардозе буд. Дучархасаворӣ ва сайру саёҳат бо дучархаро дӯст медошт, дар оғӯши табиат будану шабонгаҳон аз насими шабу шаббодаи субҳ баҳра бурданд барояш лаззати зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Вай 7 забон, аз ҷумла забони русиро медонист.

Рихтер натурист (Nudism – бараҳнагароӣ. Як фарҳанг ва ҷунбиши сиёсӣ аст, ки  аз бараҳнагӣ дар маконҳои хос ва умумӣ ҳимоят мекунад) буд ва ҳамроҳ бо ҳамсараш ҳамеша дар ҷамъияти мардону занони урён ҳузур пайдо мекард. Аз нигоҳи дидгоҳи динӣ атеист буд ва узви Конгрегатсияи Кауфман ба шумор мерафт.

 Вай бар асари бемории заъфи дилу раг 30-уми сентябри соли 1985 дар шаҳри Пасаденеи иёлоти Калифорния аз олам даргузашт.  

ҶАДВАЛИ РИХТЕР

Ҷадвали Рихтер барои чен кардани қувваи  «ML» ё «ML» меномиданд. Рихтер барои арзёбии қувваи зилзила дар маркази он логарифми даҳии ҷойивазкунии A (дар микрометрҳо)-и сӯзани сейсмографи стандартии Вуд-Андерсонро пешниҳод намуд. 

Дар он f функсияи ислоҳест, ки вобаста аз масофа то маркази зилзила аз рӯи ҷадвал ҳисоб карда шудааст. Қувваи зилзила тақрибан {\displaystyle A^{3/2},}  мутаносиб аст, яъне афзоиши бузургии 1,0 ба афзоиши амплитудаи ларзиш 10 маротиба ва афзоиши энергия тақрибан 32 маротиба мувофиқат мекунад.

Аммо ин ҷадвал якчанд нуқсонҳои назаррас дошт:

Рихтер барои мувофиқ кардани ҷадвали худ, заминҷунбии хурд ва миёна дар ҷануби Калифорнияро истифода бурд, ки бо умқи сарчашмаашон ночиз аст.

Бо сабаби маҳдуд будани таҷҳизоти истифодашуда, ҷадвали Рихтер тақрибан 6,8 маҳдуд буд.

Усули пешниҳодшудаи андозагирӣ танҳо мавҷҳои рӯизаминиро ба назар мегирифт, дар ҳоле ки ҳангоми зилзилаҳои амиқ ё умқӣ як қисми муҳими қувва дар шакли мавҷҳои ҳаҷмӣ ҷудо мешавад.

Дар тӯли якчанд даҳсолаи оянда ҷадвали Рихтер такмил дода шуда ва бо мушоҳидаҳои нав мутобиқ карда шуд. Ҳоло якчанд ҷадвали дигар  мавҷуданд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: Магнитудаи мавҷҳои ҳаҷмӣ ва Магнитудаи мавҷи рӯизаминӣ. Бо вуҷуди ин, аксари васоити ахбори омма то ҳол онҳоро ҳамчун арзишҳои "Рихтер" ном мебаранд.

Ҳама миқёси зикршуда хусусияти логарифмии аслро нигоҳ медоранд ва тақрибан қиматҳои ададии муқоисашаванда доранд.

Бо андаке таҳрир аз Донишномаи озод.

барчасп: