Ҳалокати 5 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз. Комиссияи рафъи паёмадҳои зилзила ба кор оғоз кард

10 июли соли 2021 соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 165-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21- километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи он дар маркази заминларза 5 - 6 балл, дар Душанбе 2 - 3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар натиҷаи заминларза дар деҳаҳои Хазорчашма ва Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона зарар дидаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод бар асари заминларза 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони аз 6 то 12-сола буданд.

Ду сокини ноболиғи ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ҷароҳат бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи махсус таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис дода шуд.

Бо мақсади омӯхтани вазъ, арзёбии хисорот ва ҳамоҳангсозии корҳои рафъи оқибатҳои заминларза ба макони ҳодиса Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти геология, Сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.

Аз рафти корҳои бартарафсозии ҳолати ба миёномада гузориш пахш хоҳад шуд.

барчасп: