Ҳавои сард бо 11 – уми январ боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои сард дар аксари минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон то 11 январи соли 2020  шабона боқӣ мемонад. Ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-17 то 16-21 шабона, дар шарқи ВМКБ шабона 36-41, рӯзона 20-25 хунук (дар минтақаи Булункӯл шабона 50-52 шабона, рӯзона 33-35 сард) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфи сабук ва дар баландкӯҳҳо бориши шадид дар назар аст.

Ахбори рӯзи гузашта: Ду куштаи як садама дар Суғд, сӯхтор дар анбори “Султони Ҳаким”-и Душанбе ва худкушии як сокини ноҳияи Айнӣ дар Левакант

Рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои садамаҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рух доданд, ширкат варзиданд.
Чунончӣ, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва...

COVID-19: Чин ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки мехоҳанд решаи хуруҷи коронавирусро дар Вуҳони ин кишвар биҷӯянд, иҷозаи вуруд намедиҳад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирфторон ба коронавирус дар оламро  87 миллиону  643 ҳазору 563 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 891 ҳазору 700 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта 285 225 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумории фавтидагон 6 482 нафар афзуд. 63 миллиону 132 ҳазору 543 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Сӯхтор дар Ашт. Соҳиби хона, пирамарди 76-сола ба ҳалокат расид

Сӯхтори кушанда як поси шаб хонаи як сокини 74-солаи ҷамоати Ориёнои ноҳияи Аштро ба коми худ кашид. Замоне буд, ки бошандагони хона дар хоб буданд. Алангаи оташ дар як лаҳза шаби торику сарди зимистонро рушан кард ва садои сӯхтани чӯбу тахтаҳо ҳамсоягонро аз хоб бедор намуд.

Ба ҷои ҳодиса, Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт...

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шуд. Ронанда ба ҳалокат расид

Ин садама рӯзи 5-уми январи соли равон, тақрибан соати 12:10 дақиқа, дар км 146-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар қаламрави рустои Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дод. Як мошини боркаши тамғаи “Дулон”, ки аз ҷониби ронандаи 53 – сола, сокини ноҳияи Шаҳристон идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 300 метр сарозер шуд.

Бино ба гузориш сабаби ин садама он буд, ки ронанда аз...

Страницы