Шаш ғарқшудаи як рӯз дар вилояти Суғд. Марги чор наврас аз як деҳа. Наҷоти як бонуи 35-сола

Панҷ марг ва чаҳор навраси орзу ба хокбурда. Ва ин чор наврас ҳамагӣ сокинони як рустоянд ва шояд хешу табор ҳам бошанд. Ва боз ҳам қисса аз беназоратии волидон. Киро метавон гунаҳгор донист? Маълум нест ин чаҳор нафар аз Истаравшан бо кӣ ва кай Хуҷанд рафтаанд. Тафсилоти рӯйдод таҳқиқи дигар мехоҳад. Вале он чӣ рух дод, мудҳиштарин фоҷеаи рӯз буд...

Кумакҳои башарии Ҷумҳурии Корея ба офатрасидагон

Бо мақсади расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар КҲФ маросими таҳвили кумакҳои башарӣ баргузор гардид. Ин ёриҳои башарӣ аз се намуд кӯрпа ва генераторҳо иборат буд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносиии Тоҷикистон  то 10 – уми июли соли 2021 ҳавои гарму бебориш ва хушк боқӣ мемонад.

Дамои ҳаво дар водиҳо то 39 + 44 дараҷа, дар ҷануби

COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Зарфи  як шабонарӯзи гузашта дар олам  362 132 сироятшувдаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва аз ин беморӣ боз  6894 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июли соли равон Сзмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод. Бештар аз дигар кишварҳои олам дар ИМА - 33 717 574 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Дар ҷойи дуюм бо 30 585 229 сироятшуда Ҳинд ва дар ҷойи сеюм бо  18 769 808 мубтало Бразилия қарор доранд.

Афзалиятҳои эмкунӣ зидди коронавирус

Ин масъала хеле доғ аст. Бо вуҷуди он, ки коронавирус КОВИД-19 то кунун дар саросари олам беш аз 4 миллион нафарро куштааст ва 184 миллиону 970 щазору ҳазору 944 нафарро мубтало кардааст, одамон ба ваксинатсия ба назари шубҳа менигаранд. Дар бахши аввали ин силсиласуҳбатҳои худ мо аз дарсҳои таърихие сухан рондем, ки билохира эмкунии саросарӣ зидди бемориҳои ҳамагир дар қонунҳои кишварҳо сабт шуд...

Страницы