Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боз кардани боз ду дари баста дар пойтахт хабар дод. Рӯзи гузашта, соати 11:25 дақиқа як сокини кӯчаи ба номи саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш аз беэҳтиётӣ маҳкам шудаву вориди он шуда наметавонад.
Кормандони бахши наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ва ба соҳибхона дар боз кардани дари баста кумак карданд.
Ҳамчунин ҳамин рӯз ва тақрибан дар ҳамин вақт як сокини кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, ки дараш баста шудаву дар дохил модари бемораш танҳо монда.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 11:55 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд ва дари бастаро беосеб боз карданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад вақти хориҷ шудан аз хонаҳои худ бадиққат бошанд.
Ҳолатҳое мешаванд, ки калид дар хонаву тифлонатон танҳо, аммо шумо наметавонед вориди хона шавед. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро интизор шудан мумкин аст.
Эҳтиёт кунед ва ҷони худу атрофиёнро дар хатар нагузоред.