Шумори гирифторон ба коронавиурс дар ҷаҳон ба 192 миллиону 714 ҳазору 680 нафар расидааст ва фавтидагон аз Covid-19 4 миллиону 140 ҳазору 479 нафар эълон шудааст. Шоми 21 июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ва марги боз як нафар аз ин беморӣ хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки 45 нафар баъди шифо ба хонаҳояшон баргаштаанд.
Аз аввали ҳамагирӣ то 21 июл дар Тоҷикистон 14 291 нафар чун сироятшуда ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 115 нафар фавтиданд.
Вазъи нисбатан мушкил дар иртибот ба авҷи сироят дар ИМА, Ҳинд, Русия ва Бразилия ба қайд гирифта шудааст.
Малта дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҷазирадавлатест, ки 83,6% аҳолии он зидди COVID-19 ваксин гирифтаанд, баъдан Маҷористон (65,1%) ва Ирландия (64,8%) дар шумори ваксингирифтангон пешсафанд. Исландия бошад чун кишварест, ки ба ин иттиҳод шомил нест ва 82,6% сокинонаш худро зидди КОВИД эм кардаанд.
Олмон дар миёни ҳам аи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пешсафтарин дар суръати воксангирист. То кунун бештар аз 50 миллион (60,2%) аҳолии он ҳаддиақал дозаи аввалро гирифтаву 39,3 миллион (47,3%) пурра худро эм кардаанд.
Духтурон мегӯянд худинзивоъ ва чораҳои дигаре, ки ҳукумати Фаронса муқобили сирояти КОВИД роҳандозӣ кард, шумори сироятшудагон аз сулфаи шадид назар ба як соли пеш тахминан даҳ баробар кам шудааст.
Ҳукуматдорони Дания ба занони ҳомила иҷозат додаанд, ки воксин гирианд.
Ҷопон то кунун масъалаи эътироф ва истифодаи шиносномаҳоро бо панҷ кишвар: Италия, Австрия, Туркия, Лаҳистон ва Булғористон мувофиқа кардааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 23 704 нафар сироятшудаи нав ба COVID-19 ба қайд гиифта шудааст. Сирояти шабонарӯзӣ аз 0,40 то 0,39 дарсад коҳиш доштааст.
То 22 июли соли 2021 дар Қазоқистон 504 290 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, дар Қирғизистон бошад аз аввали ҳамагирӣ 152 709 нафар гирифтори коронавирус шудаанд.
Ӯзбекистон аз сирояти 121 329 нафар ба Covid-19 хабар медиҳад.