Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Панҷекат ва Айнӣ. Ҷустуҷӯи ду сербурдаи дигар бенатиҷа анҷомид

Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар деҳаҳои Шӯрмашк ва Пинюни ноҳияи Айнӣ идома доранд. Барои сари вақт бартараф кардани харобиҳои сели рӯзи 19-июли соли равон  4 адад техникаҳои муҳандисӣ, 2 адад борборкуни фронталӣ, 1 экскватор ва 1 мошини боркаши Дулан сафарбар карда шуда, селовардҳо дар роҳи автомобилгарди байни деҳаҳо тоза карда шуд.

Бо роҳи ҳашар хонаҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳое, ки аз қуму шағал пур шуда буд, тоза карда шуда, корҳои бартарафсозӣ дар ин самт идома доранд.

Тибқи маълумоти бахши Кумита дар шаҳри Панҷекат рӯзи 21-уми июли соли 2021 дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Киштӯдак корҳои  ҷӯстуҷӯи ду нафари дигар, ки аз чарогоҳи кӯҳӣ ба зер рафта буданд, идома кард. Вале ин ду нафар боз ҳам пайдо нашуданд.

барчасп: