22 – уми июли соли 2021 дар доираи санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баробар ба дигар воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат карданд.
Қувва ва воситаҳои КҲФ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саф оростанд.
Ҳамчунин имрӯз наздик ба 400 сарбоз ва афсарон бо ҷалби техникаи махсуси КҲФ дар гузашти низомӣ, ки дар қаламрави Гвардияи миллии кишвар баргзор шуд, иштирок намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта, ки анҷомбахши санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021» буд, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.
БОЗ ДАР ИН БОРА:
СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НАЗДИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ