Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Олам дар остонаи мавҷи нави сироят ба коронавирус қарор дорад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзҳи гузашта дар саросари олам боз 362 031 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон ба 187 миллиону 519 ҳазору 798 нафра расид. Рӯзи гузашта 6135 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд ва теъдоди фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ ба 4 049 372 расид. Аммо Донишгоҳи Ҷонз Ҳонкинз шумори сироятшудагон ба коронавирусро наздик ба 189 миллион нафар меномад. Кишварҳое чун ИМА, Ҳинд, Бразилия ва Русия дар чоргонаи аввали мамолике мебошанд, ки мубталоёни бештар доранд.

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус рӯзи сешанбе гуфт, ки олам дар зинаи мавҷи нави уфунати коронавирус қарор дорад. 

Охири моҳи августи соли равон 90% ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо гунаи “делта” хоҳад буд. Дар ин бора дар варақаи матбуотие сухан меравад, ки рӯзи чоршанбе Агентии Аврупоии доруворӣ ва Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо муштаракан пахш карданд. 

Дар Италия аз аввали ҳамагирӣ 127 831 ҷон бохтанд.   

Вазорати беҳдошти Эрон аз марги 86 207 нафар аз аввали пандемия хабар дод ва гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 166 нафар фавтиданд. Дар 24 соати охир дар ин кишвар 22 750 ҳодисаи нави сироят сабт шуда, 2399 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. 

Шумори гирифтрон ба COVID-19 дар Русия шабонарӯзи гузашта 23 827 нафар афзуд. Ва 786 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Русия  5 857 002 мубтало ва  145 278 нафар ҷон бохтанд.

Қазоқистон гуфт, ки  466 792 нафар гирифтори КОВИД-19 шудаанд ва 4 769 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.  

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон ба 143 668 нафар расидаву, 2 133 нафар аз ин беморӣ мурдаанд.

Дар Ӯзбекистон теъдоди гирифторон ба Covid-19 ба 117 409 нафар расида ва шумори фавтидагон 781 нафар эълон шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки масъулинаш бо Чин дар мавриди дарёфти бастаҳои ваксинаи “Коронавак” гуфтугӯ кардаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки қарор аст ширкати созандаи ин ваксина Sinovac Research & Development Co. Ltd” дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва таҳвили онро пешниҳод кунад. 

Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон  47 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 19 нафар  пас аз муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки “аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 14 июл  дар кишвар 13958 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13600 нафар (97,4%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 109 нафар фавтидаанд”.

 Касоне, ки мехоҳанд зидди коронавирус худро эм кунанд, бояд ин корро сари вақт анҷом диҳанд. Дар айни замон эмкунӣ бо ваксинаҳои AstraZeneca ва CoronaVac ройгон буда, хоҳишмандон ба нақтаҳои тибии маҳалли истиқомати худ муроҷиат намоянд. 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: