Семинари омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 ва 8 июли соли ҷорӣ мутахассисони Кумита дар қисми дуюми тамрини истифодаи Барномаи Идоракунии иттилооти офатҳои табиӣ дар DesInventar-Sendai ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии тренинг такмил додани имкониятҳои дахлдори шуъбаҳои марбут ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, барои истифодаи модули таҳлили маълумоти системаи «DesInventar-Sendai» буд. Дар ҷараёни семинар мутахассисон пешрафт ва қадамҳои минбаъдаро  барои татбиқи барнома дар кишвар барарсӣ карданд.

Ғайр аз он иштирокдорон вазъи ҳисоботи мониторинги Чаҳорчӯби Сендайро низ баррасӣ карда, инчунин системаи мавҷудаи ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи талафоти офатҳои табиӣ ва системаи DesInventar-Sendai -ро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар ин семинари дурӯза мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии омор ва Агентии гидрометеорологиро гирди ҳам омада буданд.

Семинарро Дафтари коҳиши хатари офатҳои табии Созмони Милали Муттаҳид  (UNISDR) дар ҳамкорӣ бо Хазинаи тадқиқотии CIMA ва Маркази омодагӣ ба офатҳои табиӣ (ADPC) бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ташкил намуд.

Ин омӯзиш дар доираи ташаббуси «Сохтани устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва суръат бахшидани татбиқи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

 

Сардори шуъбаи телекоммуникатсия ва алоқаи МИҲБ

подполковник                                     Ф.Восиев.

барчасп: