Ҳалокати як шаҳрванди Чин, ки дар канали Ёвон моҳидорӣ мекард

Як шаҳрванди Чин бо исми Вон-лен Вияо ҳангоми моҳидорӣ дар канали магистралии ноҳияи Ёвон сарозер шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 18-уми июли соли равон дар мавзеъи Лойқасой, воқеъ дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомӣ рух додааст.

Бино ба гузориш Вон-Лен Вияо 31 сол дошта, тарҷумони  ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Хитой” дар шаҳраки нави ноҳияи Ёвон будааст. Муваққатан дар ноҳияи Ёвон бо оила ва ду фарзандаш иқомат доштааст. 

Барои пайдо кардани ҷасади шаҳрванди Чин се рӯз лозим шуд ва билохира, дирӯз наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро 300-350 метр дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

барчасп: