COVID-19: Шумори сироятшудагон дар олам аз 73 миллион гузашт ва теъдоди ҷонбохтагон ба 1,7 миллион наздик мешавад. Бар Британия навъи нави коронавирус кашф шуд, ки аз одам ба одам ба зудӣ мегузарад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба  73 миллиону 193 ҳазору 269 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 169 ҳазору 198 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд. Бино ба омори субҳи имрӯз, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расонаӣ кард, то кунун аз ин беморӣ 51 миллиону 326 ҳазору 674 нафар муолиҷа шуданд ва 1 милиону 627 ҳазору 977 нафар ҷон бохтанд. 106 ҳазору 554 нафар дар ҳоли вазнинанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва Суғд, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ туман дар назар дошта шудааст. Ғайр аз ин, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хавфи лағзиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мондааст.

Шикори нобарор: Дар Петербург подполковники политсия ба ҷойи шоҳгавазн як марди 59-соларо кушт

Подполковники политсия Андрей Леонов, ки дар Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Примори Петербург сардори бахши ҳифзи тарботи ҷамъиятӣ буд, шоми рӯзи гузашта аз камон ба сӯи шаҳрванди 59-солаи шаҳраки Первомайск тир андохт. Ин мард бо ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол ёфт, вале духтурон натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳо кунанд. Захмхӯрда дар бемористон ҷон дод.

Мелита Вуйнович: Густариши COVID-19 – ин ҷанги инсоният бо олами вирусҳост

Субҳи имрӯз, 14 декабр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19-ро дар олам 72 миллиону 647 ҳазору 787 нафар эълон кард. Шабонрӯзи гузашта боз 130 ҳазору 771 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 618 ҳазору 918 нафар расида, зарфи 24 соати гузашта 1 722 нафар фавтидаанд. То ин лаҳзаҳо дар беморхонаҳои кишварҳои олам...

Ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар онлайн-мулоқоти машваратии коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ

11 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода  дар ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба татбиқи барнома дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн ширкат варзид.

Страницы