Шикори нобарор: Дар Петербург подполковники политсия ба ҷойи шоҳгавазн як марди 59-соларо кушт

Подполковники политсия Андрей Леонов, ки дар Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Примори Петербург сардори бахши ҳифзи тарботи ҷамъиятӣ буд, шоми рӯзи гузашта аз камон ба сӯи шаҳрванди 59-солаи шаҳраки Первомайск тир андохт. Ин мард бо ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол ёфт, вале духтурон натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳо кунанд. Захмхӯрда дар бемористон ҷон дод.

47news навиштааст, ки Леонов аз ҷумлаи беш аз бист нафаре буд, ки  он бегоҳ шоҳгавазн шикор мекарданд. Хабаргузориҳо навиштанд, ки Леонов марди 59-солро ба гумони шоҳгавазн ба сӯяш тир холӣ кардааст. Аммо манбаъҳои наздик ба Раёсати корҳои дохилӣ истинодан ба шарикони Леонов гуфтаанд, ки подполковник шоҳгавазнро ба нишон гирифта буд, вале тираш хато рафт ва ба марде расид, ки ҳоло ҷон бохтааст.  

ВКД Русия гуфтааст, ки ҳоло тафтишот оғоз шудаву ҳолати ба амаломада мавриди тафтишу санҷиши ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки подполковник Леонов ба ҳабс гирифта шудааст ё на.

барчасп: