Субҳи имрӯз, 14 декабр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19-ро дар олам 72 миллиону 647 ҳазору 787 нафар эълон кард. Шабонрӯзи гузашта боз 130 ҳазору 771 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 618 ҳазору 918 нафар расида, зарфи 24 соати гузашта 1 722 нафар фавтидаанд. То ин лаҳзаҳо дар беморхонаҳои кишварҳои олам 106 ҳазору 189 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ин манбаъ шифоёфтагон аз КОВИД-19 дар оламро 50 миллиону 865 ҳазору 504 нафар эълон намуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки то имрӯз дар кишвар 12 624 нафар чун сироятшуда ба КОВИД-19 ба қайд гиифта шуда, аз ин беморӣ 95,45% шифо ёфтаанд. Бар асари коронавирус 88 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Кишварҳое, ки мубталои бештар ба COVID-19 доранд:
ИМА — 16 737 267
Ҳиндустон — 9 884 716
Бразилия — 6 901 990
Русия — 2 653 928
Фаронса — 2 376 852
Британияи Кабир — 1 849 403
“Густариши COVID-19 – ин ҷанги инсоният бо олами вирусҳост, - гуфт намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Русия Мелита Вуйнович.
То охири моҳи декабри соли равон ҳудудан 20 миллион амрикоиҳо метавонанд ба воксани зидди коронавирус эм карда шаванд. Охири моҳи феврал бошад, ин омор ба 100 миллион нафар хоҳад расид. Дар ин бора Алекс Азар вазири тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА хабар дод. Гуфта мешавад, ки аз корхонаи дорусозии Pfizer дар шаҳри Каламазу (иёлоти Мичиган) аввалин мошинҳои боркаши ҳомили 500 ҳазор вояи истифода ба 145 департаментҳои тандурустӣ ва беморхонаҳои қаламрави ИМА расиданд. Қарор аст воксанзании сокинон аз ҳамин рӯз, 14 декабр оғоз шавад.
Олмон тасмим гирифт аз 16 декабри соли равон то 10 январи соли 2021 дар саросари кишвар карантини шадид ҷорӣ кунад. Ҳадаф боздоштани суръати афзоиши сироят ба КОВИД-19 аст. Ҳамаи мағозаву дуконҳо ба ҷуз мағозаҳои фурӯши молҳои ниёзи аввал, ҳамчунин сартарошхонаву ороишгоҳҳо ва мактабҳо то 10 январ баста хоҳанд шуд. Бонкҳо ва майдонҳои фурӯши арчаҳои солинавӣ боз хоҳанд монд. Аз рӯзи чоршанбе ҳамчунин фурӯши ҳама гуна ороишоти арчаҳои солинавӣ низ қатъ мегардад. Гумон меравад дар остона ва рӯзҳои ҷашни Крисман ин маҳдудиятҳо то ҷойе сабуктар карда хоҳанд шуд. Эҳтимол меравад даъвати 4 нафар наздикон ва теъдоди номаҳдуди бачаҳои то синни 14-сола ба меҳмонӣ дар ин рӯзҳо иҷозат шавад.
Италия гуфтааст, ки воксанзании саросарӣ дар ин кишвар аз миёнаҳои моҳи январ оғоз хоҳад шуд
Дар Швейтсария сардухтурони панҷ беморхона дар Лозанн, Женева, Базел, Сюрих ва Берн ба унвони вазири тандурустии ин кишвар Ален Берсе нома навишта, аз вазъи гирифторӣ ба коронавирус ва мушкилот бо гирифторон дар беморхонаҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо навиштаанд, ки кулли шуъбаҳои эҳёгарӣ пур аз беморонанд ва ҳамшираҳои шафқат аз уҳдаи хизматрасонӣ ба ин теъдоди азими беморон намебароянд.
Шабонарӯзи гузашта дар Белорусия 1961 мутбалои нав ба КОВИД-19 сабт шудааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 160 295 чун сироятшуда ба қайд гирифта шудаанд, 1263 нафар фавтидаанд.
Дар Украина зарфи 24 соати гузашта 13,8 ҳазор гирифтори нав ба қайд гирифта шуда, 243 нафар ҷон бохтаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Туркия боз 26 919 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ошкор шудааст. Шумори умумии гирифторон ба SARS-CoV-2 дар ин кишвар ба 1 836 728 расида, 16 417 нафар фавтидаанд.
Ҳукумати Ҷопон аз авҷи бесобиқаи коронавирус дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Ҳарчанд ин кишвар ду мавҷи аввали сироят ба ин бемориро дар моҳҳои апрел ва август ба осонӣ пушти сар кард, вале вазъ дар моҳи ноябр вахимтар шуд. Ин сабаб шуд, ки ҳукумат даст ба андешидани чораҳои шадидтарин карантинӣ занад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 28 080 нафар мубталоён ба COVID-19 сабт шудааст. Тақрибан ҳар панҷум сироятшуда аломати бемориро надоштанд. Дар як рӯз дар Русия боз 488 нафар аз ин беорӣ ҷон доданд.
Дар Қазоқистон зарфи 24 соати гузашта 794 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Вазъ дар вилояти Костонай тадриҷан ба ҳоли одӣ бармегардад, китобхонаҳо, осорхонаҳо ба кор оғоз мекунанд, вале тибқи талаботи беҳдоштӣ толорҳо набояд беш аз 30% хонанда дошта бошанд. Театрҳо, ҳамчунин дигар дастаҳои фарҳангӣ ҳамоно дар карантин боқӣ мемонанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 297 сироятшудаи нав ошкор шудааст. Ҳоло дар ин кишвар шумори сироятшудагон ба 77 356 ва фавтидагон ба 1307 нафар арсидааст.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз гирифтори 74 956 нафар ба КОВИД-19 хабар дод. Дар айни замон дар бемористонҳои ин кишвар 2 101 нафар аз коронавирус табобат мегиранд. Ӯзбекистон ва Турманистон дар мавриди таҳқиқоти мушктараки кронавирус ба мувофиқа расидаанд. 11 декабри соли равон сарони ду кишвар дар як суҳбати телефонӣ ин масъаларо баррасӣ кардаанд.
Шӯро уламои Тоҷикистон ба суол дар мавриди намози ҷанозаи шахси аз коронавирус даргузашта посух додааст. Шахсе пурсидааст, ки агар бемори фавтида аз КОВИД-19 ё ҳар бемории сироятии дигар беҷаноза гӯр шуда бошад, чӣ бояд кард. Шӯрои уламо посух додааст, ки дар он сурат баъди ба хок супурдан ҳатман бояд ҷаноза хонд.