Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар остонаи Соли нав

30 декабри соли 2020 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кормандони КҲФ ва дар арафаи Соли нав бо ташаббуси роҳбарият ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯроквории хоҷагии ёрирасони «Наҷот» -и Кумита ба фурӯш гузошта шуданд.

Ҷамъомади омӯзиши-методӣ дар КҲФ

Дар ҳудуди яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Қаратоғ, машғулиятҳои дурӯза бо ҷалби фармондеҳон ва муовинони фармондеҳон оид ба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбии Кумита баргузор шуданд.

Туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат ба хизматчиёни ҳарбии КҲФ расиданд

Дар арафаи иди Соли нав бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳо ва созмонҳои низомӣ, курсантони муассисаҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозон ва афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҳалок шудаанд, аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда...

Ёрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ятимони ноҳияи Шуғнон

Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нав, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 нафар ятимоне, ки дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ зиндагӣ мекунанд, кӯмак расонд.

Дар вилояти Хатлон низ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид

Тибқи банди 4 қарори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 "Дар бораи баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар", 28 декабри соли 2020 бо ширкати Раиси вилояти Хатлон – Қурбон Ҳакимзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати...

Страницы