Covid-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги бештар аз 1 миллиону 737 ҳазор хабар дод

Шумори гирифторн ба коронавирус дар олам аз 79 (79 057 408 ) миллион гузашт. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шабонарӯзи гузашта боз 206 ҳазору 346 сироятшудаи нав ва 4 ҳазору 497 фавтидаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам аз  Covid-19 1 миллиону 737 ҳазору 751 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ шумори шифоёфтагонро 55 миллиону 648 ҳазору 759 нафар эълон кард.

Ширкати Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Кӯлоб

Тибқи банди 4 Қарори Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода идома доранд, ки дар онҳо роҳбарон ва кормандони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат мекунанд.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 78 миллион ва дар Тоҷикистон аз 13 ҳазор гузашт. Донишгоҳи Ҳопкинз гуфт, ки ҳар садумин сокини Сайёра ба SARS-CoV-2 сироят шудаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 23 декабри соли 2020 шумори мубталоён ба коронавирусро 78 миллиону  366 ҳазору 708 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам боз 238 ҳазору 852 нафар гирифтори КОВИД-19 шуданд.  Бар асари ин беморӣ дар саросари олам то кунун 1 миллиону 724 ҳазору 050 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар бемористонҳои кишварҳои ҷаҳон ҳоло 106 ҳазору 392...

Ҳавои камбориши рӯзҳои оянда. Аммо туман боқӣ мемонад. Лағзиши тарма эҳтимол дорад. Эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 26 декабри соли равон ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд камбориш мешавад, дар кӯҳҳо барф меборад. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо то 10 дараҷа гарм мешавад, вале дар  кӯҳҳо ҳавои сард дар назар дошта шудааст.

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб...

18 нафар аз ҷумлаи маллоҳони як киштии моҳидории Русия дар бандари Норвегия ба вируси корона сироят шудаанд. Як тани онҳо фавтидааст

18 нафар аз ҷумлаи ҳайати як киштии моҳидории Русия, ки дар бандари шаҳри Бергени Норвегия таваққуф карда буд, ба вируси корона гирифтор шудаанд. Бино ба гузориши ТААС - хабаргузории давлатии Русия як тан аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Хадамоти матбуотии бандари ёдшуда ин хабарро тайид кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин киштӣ рӯзҳои истироҳат вориди ин

Страницы