Идомаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар

Боронҳои зиёди рӯзҳои охир муҷиби омадани селҳо дар манотиқи мухталифи кишвар шуданд ва табиист, ки ин селҳо хисороте ҳам ба хоҷагии халқ расонданд. Ҳоло башиддат корҳои рафъи паёмадҳои ин офатҳо идома доранд.

Дар шаҳри Ваҳдат:

4-5 майи соли 2024 дар ҳудуди ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат корҳои зерини бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ ба анҷом расиданд:

-дар ҳудуди деҳаи Юнси ҷамоати деҳоти Чуянгарон бо ёрии 3 адад техникаи муҳандисӣ дар масофаи 350 метр соҳили рӯдхона аз сангу харобаҳо тоза карда шуда, девори муҳофизатӣ гузошта шуданд;

- дар деҳаҳои Симиганҷ ва Диамони ҷамоати деҳоти Симиганҷ барои барқарорсозии пули харобшуда ва тоза кардани соҳилҳои рӯдхонаи Симиганҷ 2 адад техникаи муҳандисӣ сафарбар карда шуд;

-дар худуди деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ барои тоза кардани соҳилҳои дарёи Симиганҷ ва сохтани садди муҳофизатӣ (сарбанд) низ техникаи вазнини муҳандисӣ истифода бурда мешавад.

Илова бар ин, бо ҷалби беш аз 450 нафар сокинони маҳаллӣ корҳои тоза кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон ва роҳҳои байни шаҳракҳо идома доранд.

Барои пурра муайян кардани ҳаҷми хисорот аз ҳисоби аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр 3 гурӯҳ ташкил ва ба маҳалҳои аҳолинишин сафарбар карда шуд.

Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр муайян кардааст, ки дар ҷамоати деҳоти шаҳри Ваҳдат бар асари омадани сел ба 87 хонавода, қитъаҳои замин ва иншооти ёрирасон хисорот ворид шудааст.

 

Шаҳри Турсунзода

Бо мақсади анҷом додани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ 7 майи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Регар бо ҷалби 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ва 3 техникаи вазнини муҳандисӣ, соҳили рост қад-қади 93 метри селгузари Октош тоза карда шуд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиев дар масофаи 35 метр ҷӯйборҳои обёрии наздик ва дар ҳудуди деҳаи Ҳамадонӣ-2 то за 40 метр соҳили канали Хоҷанахширон  мустаҳкам карда шуд.

 

Шаҳри Ҳисор

7 майи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзода бо ҷалби беш аз 300 нафар мардуми маҳаллӣ ва бо истифода аз 9 адад техника, 2 адад қубури оби ошомиданӣ баркарор карда, саҳни 70 бинои истиқоматй аз лой тоза карда шуд.

Дар масофаи 700 метр селроҳаҳо, каналҳо, заҳбуру ҷӯйборҳо тоза карда шуданд.

 

Ноҳияи Шаҳринав

Дар ҳудуди деҳаи Файзбахш, ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Аҳсанов бо ҷалби беш аз 100 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба масофаи 30 метр садди муҳофизатии обгузар, ки аз болои деҳаи Файзбахш убур мекунад, барқарор карда шуд. Кор дар ин самт идома дорад.

 Ноҳияи Варзоб

- Наҷотдиҳандагони КҲФ гирду атрофи панҷ бинои истиқоматии бар асари офати табиӣ харобшударо аз гил ва санг тоза карданд;

- аз ҷониби Кумита барои рафъи оқибатҳои сел дар деҳаҳои Меҳробод ва Гулбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғ шаш адад техникаи гуногуни муҳандисии вазнин сафарбар карда шуд. Айни замон кор идома дорад.

Ноҳияи Рӯдакӣ

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рӯдакӣ то 7 майи соли 2024 якҷо бо кормандони масъули Кумита корҳои зеринро анҷом дод:

- таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки шахсони салоҳиятдори Кумита ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки рӯзҳои 9-11 майи соли 2024 дар минтақаҳои хатарнок навбадории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, бо ҳашар ва ҷалби сокинон соҳили дарёи Элок, каналҳо, ҷӯву заҳбурҳо тоза карда шавад. Дар ин самт боядба манотиқи осебпазир ва хатарнок бештар таваҷҷуҳ карда шавад.  

- бо ҷалби қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳия техникаи махсус ҷудо карда шуда, селроҳаи деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти Зайнабобод дар масофаи бештар аз 250 метр тоза карда шуд; 

- бо ҷалби 150 нафар сокинони деҳаҳои Иқбол-1, Иқбол-2 ва Шараф ҳашари дастаҷамъона ташкил карда, захбурҳои гирду атрофи деҳаҳо тоза карда шуданд;

- бо дастгирии соҳибкорони ҷамоати деҳоти ба номи Турдиеви ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода 2 адад экскаватор сафарбар карда шуда, корҳои тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ба масофаи 1220 метр оғоз гардид;

-дар ҳудуди деҳаи Мавлавии ҷамоати деҳоти Гулистон барои дастгирии соҳибкорон 1 адад экскаватори тасмачарх ҷудо карда шуд, ки барои тағйир додани маҷрои дарёи Кофарниҳон, ки ба ин шаҳрак таҳдид мекунад, фаъолият дорад.

Айни замон комиссияи ҳолатҳои авқулодда муайян намудааст, ки сел ба 224 хонавода, қитъаҳои замин ва иншооти ёрирасон хисорот ворид кардааст.

Бо ҷалби 4 адад техникаи муҳандисӣ шоҳроҳи деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва роҳҳои банидеҳаҳои ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ва Навободи ноҳияи Рӯдакӣ  аз лой тоза карда шуданд. 

барчасп: